ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Технология
Аз аввал хондан- Як теъдод моддаҳои химиявӣ (кислотаи сулфат, кислотаи атсетат, «шароби шоҳ», нитрати нуқра ва ғайра) бори аввал ҳосил карда шуданд.
5.Татбиқи химия дар тиб амалӣ гардид.
6.Таснифҳои аввалини моддаҳои химиявӣ пайдо шуданд.
Дар ин давра инкишофи илми химия дар Шарқ, асосан дар давлатҳои исломӣ (Аҷаму Араб) инкишоф меёфт. Аз он сабаб ки забони илмии ин давра асосан арабӣ буд ва қариб тамоми асарҳои илмй бо ин забон таълиф мешуданд, тамаддун ва олимони ин давра дар Ғарб бо номи тамаддуни араб ва олимони араб маълум буданд.
Вале ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки саҳми ниёгони мо дар бунёди ин тамаддун беандоза бузург аст. Донишмандони форсу тоҷик Абдуаҳад-ал-Хоразмй, Ҷобир ибни Хай-ён, Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Абӯмансури Ҳиравӣ, Абӯрайҳони Берунй ва Абӯалй ибни Сино, ки саромадони олимон буданд, дар ин давра фаъолият намуданд ва дар инкишофи илм ҳиссаи арзанда гузоштанд. Шароити мусоиде, ки Сомониён барои тараққиёти илм фароҳам оварда, буданд, самараи хуб дод. Сарзамине, ки дар он ниёгони мо зиндагй мекарданд, ба маркази ҷаҳонии илм табдил ёфт…. - Намунаи ҳалли масъалаҳо. Фурузонаки дорои муқовимати 15 Ом ба реостате, ки муқовимати печакҳои он ба
10 Ом баробар аст ва ба аккумуляторе, ки шиддати он U=4 В аст, пай дар пай васл карда шудааст (расми 1-10). Аз фурузонак чӣ қадар ҷараён мегузарад, агар давонаки реостат мутаносибан дар ҳолати 1, 2 ва 3 ҷойгир бошад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё