Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Ба таркиби молекулаи бўр як атоми калсий, як атоми карбон ва се атоми оксиген дохил мешаванд. Ба таркиби молекулаи оксиди оҳан, оксиди симоб, оксиди гидроген унсур (элемент)-и оксиген мавҷуд аст.
Дар ҳарорати 0 С об ба ях табдил меёбад.
Феълҳое, ки барои ифода кардани тағйирёбии модда ва ҳодисаҳои илмӣ истифода мешаванд, инхо мебошанд: табдил ёфтан (шудан), тағйир ёфтан ва ғайра, Шуъоҳои Офтоб заминро гарм мекунанд, яъне энергияи офтобӣ ба энергияи ҳароратӣ табдил меёбад. Энергия аз як шакл ба шакли дигар мегузарад, вале миқдори умумии он тағйир намеёбад.
Дар матнҳое, ки сифат ва ё хосиятҳои доимии предметро ифода мекунанд, феълҳои хос будан, соҳиб будан, фарқ кардан, боқӣ мондан, тавсиф шудан ва монанди инҳо бештар истифода мешаванд:
Барои металлҳо чандирӣ ва мумсонӣ хос аст. Металлҳо аз якдигар бо чандирӣ ва мумсонӣ фарқ мекунанд. Металлҳо хосияти чандирӣ ва мумсониро соҳибанд. Газҳои ғайрифаъол (инертӣ) бо фаъолияти пасти химиявӣ тавсиф мешаванд. Радий хосияти радиоактивиятро соҳиб аст.
Феълҳои дигаре, ки дар забони адабиёти илмию техникӣ бештар дучор меоянд, феълҳои ифодакунандаи ҳолат, муносибат ва мавҷудият мебошад. Чунончи: пайдо шудан, ташкил шудан, доштан, тағйир ёфтан, табдил ёфтан, зиёд шудан, кам шудан, таъмин намудан, ба назар доштан, истифода намудан, муқоиса кардан, ҷудо кардан ва ғайра.

пешина
аз 67
навбатӣ