Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Мисол:
Табдил ёфтани шаклҳои энергия Энергия бузургии физикие мебошад, ки қобилияти кор иҷро карда тавонистани ҷисмро тавсиф медиҳад. Якчанд намудҳо энергия маълум аст, чунончи, механикӣ, электромагнитӣ, ҳастаӣ (ядроӣ). Агар бар ҷисм коре иҷро карда шавад, энергияи натиҷавии он ба бузургии ин кор зиёд мешавад, вале агар ҷисм ба ҷисмҳои дигар кор иҷро намояд, энергияи натиҷавии он кам мешавад. Энергия аз як шакл ба шакли дигар, аз як ҷисм ба ҷисми дигар гузашта метавонад. Дар ҳамаи гузаришҳо миқдори умумии энергия доимӣ мемонад. Маҳз бо дарназардошти ин хосияти энергия қонуни бақои энергия шарҳ дода мешавад. Энергияи оби афтон барои гирифтани энергияи электрикӣ нерўи барқ) истифода мешавад…
Тавре ки аз мисолҳо бармеояд, аз шаклҳои феълӣ дар забони адабиёти илмию техникӣ шакли замони ҳозираи феъл саристеъмол аст.
Сифат: Азбаски дар забони адабиёти илмию техникӣ аломат, хосият ва чигунагии предмету ҳодисаҳо аз рўи муносибати онҳо бо предмету ходисаҳои дигар муайян мегарданд, бинобар ин дар ин гунаи адабиёт сифатҳои нисбӣ бартарӣ доранд; одатан ин сифатҳо дар шакли ибораҳои номӣ ифода мегарданд:
адади мусбат, заряди манфӣ, ноқилияти металлӣ, моддаи чарс (мумсон, беранг, рангдор), ҷараёни электрикӣ, панҷараи бўлурин, оташдони газӣ, адади доимӣ ва ғайра.

пешина
аз 67
навбатӣ