ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Технология
Аз аввал хондан- ҳамин тавр, айнан ҳамин тавр, ҳамин тариқ, яъне, инак, ба ин монанд, тариқи зайл, ба таври дигар, ба иборати дигар ва ғайра, ки тарзҳои амалро ифода мекунанд; Мисолҳо:
Ҳамин тавр, аминҳо чун аммиак хосияти асосӣ доранд ва маҳлули обии онҳо ранги лакмусро кабуд, вале маҳлули фенолфталеинро гулобӣ мегардонад…; Айнан ҳамин тавр, ба воситаи формулаи Галилей масофаеро, ки ҷисм вобаста ба вақти t ҳангоми озод афтидан тай мекунад, ҳисоб кардан мумкин аст…; Ҳамин тариқ, Далтон назарияи атомии юнониҳои қадимро барои фаҳмонидани ҳодисаҳои табиат истифода бурда, онро ба яке аз методҳои таҳқиқот табдил дод…; Инак, функсияи логарифмии натуралӣ дорои ҳосила буда, ҳосилааш бо формулаи (6) ҳисоб карда мешавад… - пас, дар ин маврид, аз ин ҷо, дар натиҷа ва ғайра, ки ба муносибатҳои шартӣ ва сабабӣ далолат мекунад; Мисолҳо:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё