Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

ҳам бо рпоҳи назариявӣ ва ҳам бо роҳи таҷрибавӣ тасдиқ шудаанд:
Якум, ҳамаи ҷисмҳо аз зарраҳо – молекулаҳо, атомҳо ва ионҳо таркиб ёфтаанд. Атомҳо аз зарраҳои боз ҳам хурдтар – аз зарраҳои элементарӣ таркиб ёфтаанд; Дуюм, атомҳо, молекулаҳо ва ионҳо дар ҳаракати доимии бетартибона мебошанд; Сеюм, дар байни зарраҳои ҳар гунна ҷисм қувваҳои таъсири мутақобил, қувваҳои каши шва қувваҳои телахўрӣ амал мекунанд.
§6. ВОСИТАҲОИ ҒАЙРИЗАБОНӢ ДАР ЗАБОНИ
АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Яке аз аломатҳои дигари фарқгузоранда байни забони адабиёти илмию техникӣ ва забони адабӣ дар забони илмии техникӣ ба таври фаровон истеъмол шудани воситаҳои ғайризабоние чун ишора, аломат, рамз, формула, муодила, нақша, расм, график, диаграмма ва монанди ин мебошад, ки онҳо низ мафҳуми илмиеро таҷассум менамоянд.
Чунончи, дар забони адабиёти илмию техникӣ аломатҳое чун (=), (//), ( | ) мувофиқан мафҳумҳои умумии «баробарӣ», «мувозӣ» ва «амудӣ»-ро ифода мекунанд. Ё худ, ишораҳои F, m ва а мувофиқан мафҳумҳои илмии «қувва», «масса» ва «шитоб»- ро ифода мекунанд. Формулаи F=m•a аз вобастагии байни қувва, масса ва шитоб шаҳодат медиҳад.
Мутахассисе, ки ба тарзи математикии тафаккур одат кардааст, бо ин ё он формулаву муодила дарҳол мазмуни мафҳуми илмиеро пеши назар меорад. Барои кимиёшинос, масалан, сохтори мураккаби формула назар ба баёни дарози хаттӣ маълумоти бештареро дар бораи ин ва ё он модда пеши назар ҷилвагар мекунад. Вале, албатта барои ғайримутахассис ин ҳама баръакс, душвор ва ҳатто, тамоман нофаҳмо мемонад:
P=UI;

I1:I2:I3= Ба воситаҳои ишораҳо дар забони илмӣ бештар номи бузургиҳои илмӣ ва воҳиду ҳиссавоҳидҳои онҳо ифода карда мешаванд: А-кор, Е-энергия, Р-тавоноӣ, г-грамм, км-километр, м-метр, кг-килограмм ва ғайра.

пешина
аз 67
навбатӣ