ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
§1. ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИИ ТЕХНИКӢ ВА ЗАБОНИ АДАБИИ МИЛЛӢ
Таркиби луғавии ҳар як забони миллиро чун манзумаи мураккабе муойина кардан мумкин аст, ки бунёди онро дар баробари луғати оммавӣ (яъне калимаву ибораҳое, ки дар гуфтору навиштори ҳамарўзаи одамон новобаста ба фаъолияти тахассусиашон истеъмол мешаванд), ҳамчунин луғати махсусе ё худ вожагон ташкил медиҳад, ки истеъмоли умум надорад.
Ин навъи луғат дар гуфтору навиштори шахсоне бештар истифода мешавад, ки дар ин ё он соҳаи тахассусӣ (илм, техника, адабиёт, ҳарб, фарҳанг, тибб, истеҳсолот, тиҷорат ва ғайра) фаъолият доранд. Ба таъбири дигар, вожагон қисмате аз таркиби луғавии забони миллӣ буда, аз нигоҳи истеъмол ғолибан мансуб ба забони муоширати шахсони ҳамихтисос ва ё наздикихтисос мебошад. Чунончи, забони адабиёти илмию техникӣ бахше дар забони илмии миллӣ аст.
Илм як соҳаи пажўҳандагиву созандагии инсон дар шинохти олам аст. Яке аз воситаҳои зарурии пешбурди илм ва расонидани иттилооти илмӣ дар ҷомеа забони илм мебошад, зеро дурдонаҳои ҳар як илм пеш аз ҳама дар шакли адабиёти илмиву дарсӣ ва илмии оммафаҳм дастраси умум гардонида мешавад. Бунёди забони адабиёти илмии техникиро воситаҳои забонии забони адабии миллӣ ташкил медиҳанд.
Хусусан онҳо дорои грамматикаи қариб якхела мебошанд. вале аз ҷиҳати захираи луғавӣ ва истифодаи он фарқе низ доранд. Ба иборати дигар, забони адабиёти илмию техникӣ маҷмўъе аз воситаҳои интихобии забони адабии миллист, ки ҷиҳати ифода кардани матнҳои мансуб ба ин ё он соҳаи илм ва техника истифода мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё