Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Бо вуҷуди ин, чанд аломатеро нишон додан мумкин аст, ки тафовути байни забони адабиёти илмию техникӣ ва забони адабиро ифода мекунанд:

  1. Истеъмол: забони адабиёти илмию техникӣ назар ба забони адабӣ истеъмоли камтар дорад, зеро онро бештар шахсоне истифода мекунанд, ки муҳаққиқону мутахассисони ин ё он соҳаи илму техника мебошанд ва ё дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ба омўзонидани асосҳои ин ё он соҳаи илм ба наврасон ва ҷавонон машғуланд;
  2. Захираи луғавӣ: захираи луғавии забони адабиёти илмию техникӣ назар ба захираи луғавии забони адабӣ ба маротиб зиёд аст, зеро бо ҳар яке аз имконоти забони адабӣ метавон забони чанд соҳаи илмро ба вуҷуд овард. Захираи луғавии забони адабиёти илмию техникиро чунин калимаву ибораҳо ташкил медиҳанд:
    а) калимаҳои маъмулии забони адабӣ;
    б) калимаҳои махсусе аз захираи луғавии забони адабӣ, ки дар забони адабиёти илмии техникӣ бар дўши онҳо мазмуни нави илмие вогузор шудааст;
    в) тозакалимаву тозаибораҳое, ки дар раванди маърифати илмиву техникӣ барои ифода кардани номи мафҳумҳои илмиву техникӣ сохта шудаанд;
    г) калимаҳои байналмилалие, ки аз забонҳои муқтадири илмӣ ба таври тайёр (баъзан бо каме тағйироти савтиётӣ ва ё морфологии забони иқтибоскунанда) иқтибос карда шудаанд.
пешина
аз 67
навбатӣ