Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Дар байни принсипҳои иқтибоси истилоҳоти бегонатабор нақши муҳимро густариши байнизабонии калимаи иқтибосшаванда мебозад.
Зимни аз забонҳои алоҳидаи илмӣ, хусусан забонҳои муқтадирӣ илмӣ - русӣ, англисӣ, фронсавӣ, олмонӣ ва ғайра иқтибос кардани истилоҳоти илмиву техникӣ густариши байнизабонии истилоҳот бояд омили муҳим бошад, яъне ин гуна истилоҳот аз рўйи навишт, талаффуз ва ё семантика бояд монанд бошанд (параметр, резонанс, энталпия, ферромагнетик, диэлектрик ва ғайра).
Ҳангоми интихоби истилоҳоти байналмилалӣ имкониятҳои аз он сохтани ҳосилакалимаҳоро низ ба назар гирифтан мебояд, яъне дидан мебояд, ки аз истилоҳи иқтибосшаванда имкониятҳои сохтани истилоҳоти ҳосила вуҷуд дорад ё не? (мисол, магнит: магнитӣ, магнитизм, магнитфизоӣ. магнитнокӣ, магнитсанҷ, магнетик, электромагнитӣ ва ғайра).
Истилоҳоти забонҳои гуногуни илмӣ аз рўйи сохти морфологӣ ва савтиёт фарқ мекунанд ва дар забони русӣ онҳо ба қонуниятҳои морфологиву савтиёти ин забон мувофиқ карда шудаанд. Бинобар ин зимни аз забони русӣ иқтибос кардани истилоҳоти байналхалқӣ зарур аст, ки принсипи савтиётиву морфологии забони тоҷикӣ ба инобат гирифта шавад. Ҷиҳати савтиётии ин принсип шакли дурусти талаффузи иқтибосот ва мувофиқатии онҳоро ба меъёрҳои савтиётии забони тоҷикӣ (низоми овозҳо ва ҳарфҳо, қонунҳои овозӣ ва ҳарфнависӣ ва монанди инҳо)-ро пешбинӣ мекунад (модулатсия, дифраксия, потенсиал ва ғайра).

пешина
аз 67
навбатӣ