МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Аёният тасаввуроти хонандагонро таҳрик бахшида, таносуби лозимаи амалу андешаро ба вуҷуд меоварад.
Адабиёт, пеш аз ҳама, навъи ҳунар буда, ҳамчун сухани образнок василаи беҳамтои тасаввури айнӣ аст. Матни асари бадеӣ худ воситаи аёният буда, ҷалб ё истифодаи ягон намуди аёният дар ин ҳол шояд ба иваз кардани як намуди ҳунар ба намуди дигари он боис гардад. Намунаи осори бадеӣ ба сари худ аёнияти беҳамтост, ки дар дарси адабиёт ҷойгоҳи муҳим дорад. Бинобар ин ҳам баъзе муҳаққиқони соҳаи таълими адабиёт истифодаи аёниятро дар ин дарс чун муодили аслии осори адабӣ нолозим ва ҳатто, зиёновар ҳисобидаанд. Ба ин далел, ки ҳама гуна муодили осори адабӣ тасаввури хонандаро нисбат ба адабиёти асил маҳдуд ва нокифоя месозад.
Баъзе равишшиносон ҳамзамон истифодаи намодҳои намоишӣ, тасвирӣ ва шунавоиро ҷоиз донистаанд. Вале аз таҷриба бармеояд, ки таъсири маводи намоишӣ ва намодҳои шунавоӣ диққати хонандагонро аз намоди бадеӣ дур мебарад. Намодҳои намоишӣ зудтар тасаввуротро асир месозанд. Дар ин замина таъсири зиёнбори намоишҳо, ки мардумро аз китоб дур мекунад, ба ҳама маълум аст.
Истифодаи воситаҳои аёнӣ дар дарси адабиёт ҳамон вақт самаранок аст, ки ба тахайюлоти хонандагон таҳрик бахшад ва таваҷҷуҳи онҳоро ба махсусиятҳои зиндагӣ, урфу одат, табиат ва ғайраҳо ҷалб кунад.
Равиши таълими адабиёти тоҷик ҳамон вақт натиҷаи мусбат медиҳад, ки агар синну сол ва имконияти фардии хонандагон ба эътибор гирифта шавад. Имконияти усулие фароҳам овардан лозим аст, ки хонандагон моҳияти асари бадеӣ, ғоя, хусусиятҳои осори бадеӣ ва тимсолҳои онро фаҳмида тавонанд.
Барои хонандагону толибилмони наврас аз осори адабии ниёкон бештар нақлу ривоят, ҳикояту қиссаҳои ҷолиб ва ашъори асил ва андешапарваронаро интихоб бояд намуд, ки ба завқу биниши онҳо таъсирпазир бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё