Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин радиф дар барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ ҷойгир намудани миқдори зиёди адибон ва матнҳои душворфаҳми осори адабӣ роиҷ набуда, боиси сатҳӣ ва заиф омўзонидани осори адибони барҷаста ва дар маҷмўъ адабиёт мегардад. Омўзиши амиқи осор, шахсияти адибони барҷаста ва мактаби эҷодии онҳо намоёнгари халлоқияти ҳунарӣ ва бозгўи осори адабии як давраи муайяни таърихӣ мебошад. Бинобар ин, муҳимтар аз ҳама бояд ба тафсири ғоявӣ ва ҷанбаи ҳунарии каломи бадеъ дар ҳамбастагӣ бо масъалаҳои назарии адабиёт дар осори адибони тавоно ва маъруф таваҷҷуҳ зоҳир кард ва омўзиши осори онҳоро муфассалтару дақиқ ба зеҳну иродаи хонандагон устувор сохт.
Дар баробари ин, ҳангоми таълими адабиёт гоҳо бетаваҷҷуҳии ҳиссии хонандагон ба осори бадеӣ, ба хусус адабиёти гузашта эҳсос карда мешавад. Сабаби ин гоҳо марбут ба душвории матни пешниҳодшуда мешавад. Ин душворӣ ҳам ба сохтори бадеии асар ва ҳам ба забони он алоқаманд аст. Махсусан, матне, ки ҳамаи калимоти он фаҳмо набошад, дар вақти хондан ба дилу рўҳи хонанда наздик намеафтад. Дар ин ҳол муаллим ба тафсири луғавӣ ва истифодаи воситаи аёнӣ эҳтиёҷ пайдо мекунад.
Дар равиши таълими адабиёти тоҷик нуктаҳои зеринро ба эътибор гирифтан лозим аст:
• усули хондан, ки зери ин мафҳум фаъолияти муаллим дар назар аст; усули хондан дар ҷараёни омўзиши адабиёт аз ҳама асосӣ ва муҳим аст;
• усули тафсирию тасвирӣ бо истифода аз шаклҳои маълуми он, монанди: сухани муаллим, тафсир ва маънидоди асари бадеӣ;
• усули тазаккур, ки шаклҳои маълуми он иборат аст аз суҳбат ва шаклҳои гуногуни нақл;
• усули суолу ҷавоб: шакли маълуми он суҳбат бо роҳи суолу ҷавоб.

пешина
аз 344
навбатӣ