МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар ҳамин замина омўзгор дар вақти таълими осори Саъдӣ, ба вижа, «Гулистон» метавонад чанд соатро ба мавзўи «Зебошиносии насри Саъдӣ» ихтисос диҳад. Дар дарсҳои қаблӣ омўзгор дар боби мазмуну муҳтаво, нақди вожагонӣ ва шарҳи мушкилоти «Гулистон»-и Саъдӣ гуфтугў карда буд. Чунонки медонем, ба иттифоқи аксари муҳаққиқон шуҳрати «Гулистон» мадюни ҳунарҳои калом аст. Омўзгор барои дарки осори Саъдӣ, хоса, «Гулистон»
бояд зарофатҳо, нуктаҳо ва назокати забонӣ ва адабии Саъдиро дар мисоли «Гулистон» тавзеҳ диҳад. Дар ин кор ў фақат бо ироаи шавоҳид, баррасӣ ва таҳлили дақиқ комёб шуда метавонад.
Намунаи ҳамин гуна таҳлилро дар заминаи «Гулистон»
пешниҳод мекунем.
Насри «Гулистон» омезаест аз содагӣ ва санъатгарӣ, ки аз он ба саҳли мумтанеъ ёд мекунанд. Насри ин асар ҳам мурассал аст, ҳам мусаҷҷаъ ва ҳам мавзун аст. Насре, ки ба қавли худи Саъдӣ, «мутакаллимонро ба кор ояд ва мутарассилонро балоғат афзояд». Саъдӣ гоҳ насри мурассал ва маснуъро ба ҳам пайванд мезанад ва забони рангине ба вуҷуд меоварад. Интихоби навъи наср ба иқтизои калом, мавзўи сухан ва мақсуди муаллиф бастагӣ дорад. Сухани Саъдӣ гузашта аз фасоҳат, балоғат, саломат, иҷоз, матонат, истеҳком ва зарофат ҳама ороишҳои шеъриро ҳам дар бар дорад.
Бедалел нест, ки донишманди эронӣ Ҳумоӣ насри «Гулистон»-ро ояти муҳками забони форсӣ медонад ва ҳамин имтиёз сабаб шудааст, ки гурўҳи зиёде аз нависандагон таҳти таъсири шеваи ў қарор гиранд. Дар тавсифи сабки Саъдӣ суханони зерини донишманди эронӣ Фурўғӣ баҷо аст:
«Саъдӣ ҳафтсад сол пеш ба забони имрўзи мо сухан нагуфтааст, балки пас аз ҳафтсад сол мо ба забоне, ки аз Саъдӣ омўхтаем, сухан мегўем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё