МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Муаллим ҳамин асрори асари Саъдиро бояд ба қадри ҳол кушояд. Назари донишманди дигари эронӣ Юсуфӣ ин ҷо ёригар аст.
«Ҳунари бузурги Саъдӣ ин аст, ки насри форсиро аз чанги такаллуф ва тасаннуъ ва ороишгариҳои зананда ва калимот ва таркиботи дур аз зеҳн ва фазлфурушӣ наҷот дода ва бад-он эътидоле матбўъ ва мавзун бахшидааст».
Дар насри Саъдӣ дар ин айни наздикии он ба забони муҳовара, бо андаке тааммул нақши қалами устоде бебадалро ба аён метавон дид.
Муаллим интихобан аз ин ду ҳикоят метавонад якеро таҳлил кунад.
Ҳикояти аввал
Нохушовозе ба бонги баланд Қуръон ҳамехонд.
Соҳибдиле бар ў бигузашт. Гуфт: -Туро мушоҳара чанд аст?
Гуфт:- Ҳеҷ. Гуфт: -Пас, чаро заҳмати худ ҳамедиҳӣ? Гуфт: - Аз баҳри Худо мехонам. Гуфт: -Аз баҳри Худо махон.
Муаллим метавонад чунин таҳлил кунад: ба зоҳир ҳеҷ санъате дар ин ҳикоят нест. Насре аст сода, бетакаллуф, саҳли мумтанеъ. Танҳо санъати назаргир дар такрори «аз баҳри Худо» ва тақобули «мехонам» ва «махон» аст. Бо ин васф назари латиф дар ҳикоят ва содагии забон достонро хонданӣ ва мондагор кардааст.
Ҳикояти дуввум
Аблаҳеро дидам симин, халъате симин дар бар ва қасабе мисрӣ ба сар ва маркабе тозӣ дар зери рон ва ғулом аз пай давон. Касе гуфт: -Саъдӣ чун мебинӣ ин дебои муълам ба ин ҳайвони лояълам?
Гуфтам:- Хате зишт аст, ки ба оби зар набиштааст.
Лаҳни ин ҳикоят низ монанди ҳикояти қабли танзомез аст, аммо калом пурсанъат аст. Ҳазф ва ҷобаҷои феъл, ташбеҳи муракаби «дебои муъалам ба ҳайвони лояълам», «ба хате зишт ба оби зар набишта», истиора гирифтани «ҳайвон»
барои «аблаҳ», саҷъ ва ҷиноси иштиқоқи «муълам» ва «лояълам», тавсифҳои кўтоҳи «қасабе мисрӣ бар сар ва маркабе тозӣ дар зери рон ва ғуломе аз пай давон», овардани таъбири тасвирии «дар зери рон», ба ҷои «савор бар», барои саҷъ бо «давон» ва чи басо зарифкориҳои дигар аз ҷумла ба амди шуқўҳманд ҷилва додани зоҳири аблаҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё