МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ба ин дастур калима ва таъбироти бунёдӣ ҷудо-ҷудо тафсир мешаванд. Ин тарзи тафсири калимаҳои ҷудогона ва таъбирот низом ва тартиби муайян доранд. Дар ин сурат ба тақвияти кадом образи бадеӣ омадани онҳо аҳамият пайдо мекунад. Дар ин замина хусусияти зерини ин гуна калимаву ибораҳои ташбеҳӣ ё истиориро ба эътибор гирифтан лозим аст:
а) калимаҳои ғайримустаъмал, ки маънии аслиашон кўҳна шудааст; б) вожаҳо ва зарбулмасалу мақолҳое, ки камистеъмоланд; в) вожа ва зарбулмасалу мақолҳое, ки дар сарфу наҳви тоҷикӣ ҷойгоҳи хоси луғавӣ ва маъноӣ надоранд.
Дар матнҳои бадеӣ, ба хусус, осори классикӣ калимаҳои ғайримустаъмал, ки маънии аслиашон кўҳна шудааст, зиёд вомехўранд. Бинобар ин, онҳоро аз матн ҷудо ва маънидод кардан зарур аст. Агар ин кор анҷом нагирад, хонандагон матнро пурра дарк намекунанд ва ин боиси сард шудани шавқи онҳо дар омўзиши адабиёт мегардад.
Ба гурўҳи вожаҳо ва зарбулмасалу мақолҳои камистеъмол калима ва мақолу зарбулмасалҳои кўҳнашуда, унсурҳои гўиши мардум, луғоти таърихӣ, номҳои мазҳабӣ, ҷуғрофиёӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Аз ин гурўҳ беш аз ҳама бояд калима, мафҳумҳо ва таъбироти таърихие, ки ба ҳодисаҳои зиндагӣ талмеҳ мезананд ва ё тарзи зиндагӣ, ахлоқ ва маданияти гузаштаро тафсир мекунанд, омўхта шаванд. Таҳлили хусусияти бадеии ин гуна унсурҳои забонӣ дар матн арзиши хос доранд. Ҳамин гуна калимаю таъбиротро дар ҳикматҳои аз Саъдӣ иқтибосшуда мо нишон додем.
Дар вақти хондани матн бисёр унсурҳои забонӣ ва шаклҳои сарфию наҳвиро, ки имрўз шоеъ нестанд, ҷудо-ҷудо бояд таҳлил ва тафсир кард, баъзе ҳодисаҳои забониеро, ки имрўз кўҳна шудаанд, тавзеҳ додан лозим меояд. Чунки бисёре аз воситаҳои забоние, ки имрўз шоеъ нестанд, дар матнҳои бадеӣ, бахусус осори гузаштагон барои сохтани шаклҳои тасвирии бадеӣ истифода шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё