Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ намунаи барҷастаи достони ҳамосавӣ буда, рўҳия ва набзи давраҳои муайяни таърихии ҳаёти ниёконамонро дар мубориза ба муқобили истилогарон, ҷангҳои хунин барои тахту тоҷ, ҳифзи ватан, ойини давлатдорӣ, муқаддасот ва асолати миллӣ ва эҳёи фарҳангу тамаддун инъикос намудааст. Дар баробари ин, шоҳасари безаволест, ки дар он афкори баланди ватандўстона, инсонпарварона, ваҳдату ягонагии халқҳо, маънавияту ахлоқи ҳамида ва панду андарзҳои пурмазмунро баён гардидааст.
Қаҳрамонӣ, диловарӣ ва муборизаҳои Рустаму Суҳроб, Ҷамшед, Каюмарс, Ҳушанг, Сиёвуш, Кова, Гурдофарид, Таҳмина, Манижа ва дигарон ҳазорсолаҳо инҷониб бо симои ҷовидона ва ибратомўз маҳбуби халқҳо гардидаанд.
Таҳлили забонии асари бадеӣ набояд ҷудо аз ғояи асар анҷом гирад. Ин таҳлил бояд василае барои ошкор кардани ҳунари адиб ва моҳияти консепсияи бадеии он шинохта шавад.
Баъди он ки матни асар (хоҳ шеър бошаду хоҳ наср) ба ҳамин усул омўхта шуд, омўзгор имкон дорад баъзе вожаҳои алоҳидаро ба таври ҷудогона тафсир кунад. Ин воҳидҳои тасвирии забониро ба ду гурўҳ метавон тақсим кард.
Аввалин калима ва таъбироте мебошанд, ки бе тафсири дақиқи онҳо маънӣ ва дарунмояи асарро ошкор карда намешавад. Бо тафсири ҳамин гуна воҳидҳои забонӣ метавон қаноат кард, агар дигар унсурҳои забонии матн ба хонандагон фаҳмо бошад. Вале ба он сабаб, ки ба ғайр аз ҳадафи адабӣ таҳлил арзиши тарбиявӣ ва таълимӣ дорад, тафсири гурўҳи дигари калимаҳо низ ба омўзиши пурра ва мақсадноки мавзўъ ёрии бевосита мерасонанд.
Вожаҳо, таъбироту ибораҳои ташбеҳӣ ва истиорӣ гурўҳи аввали чунин ибораҳо мебошанд, ки дар асари бадеӣ барои сохтани образҳо ба кор рафтаанд ва маънии пурвусъаттаре доранд.

пешина
аз 344
навбатӣ