МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Барои дар ин замина андаке сабук кардани заҳмати омўзгорон тафсиреро лозим донистем. Назар ба ақидаи донишмандон, лирика гуфтори субъективӣ ва ботинӣ буда, ба ботини мо нигаронида шудааст ва аз рўи тасаввурот ва ҳиссиёти фард ифода меёбад.
Баъдтар Белинский В.Г. мундариҷаи лирикиро ба худи субъект ва ҳамаи он чизе, ки ба ў мегузарад, вобаста карда буд. Яъне лирика ба ифодаи амал ва афкори муайяни объективӣ, ки аз фардияти эҷодии шоир рангин шудаанд, қодир буда, аз онҳо бегонагӣ надорад. Ба ифодаи Муҳаммадҷони Шакурӣ, «лирика одам, ҳаёти вай, фикру ҳиссиёти гуногуни ўро хеле нозук тасвир намуда, образи барҷастаи инсонро меофарад. Шоири лирик имкон дорад, ки бо сеҳри сухани бадеӣ торҳои ниҳонии дили инсонро ба садо орад ва тамоми ҳастии ўро ба худи ў нишон диҳад».
Ба ифодаи дигар, шоири лирик ба олами атроф аз дариҷаи дили инсон менигарад. Лирика метавонад фикру зикри инсон, ҳаяҷони ботиниии ўро падид оварад. Диди шоири лирик амиқ буда, ҳодисаҳои хурду бузург аз нигоҳи ў пинҳон намемонанд. Муҳимтар аз ҳама, сарнавишти ботини инсон, андешаю ормонҳои он дар маркази диққати шоири лирик аст ва инкишофи шеъри лирикӣ ба он овард, ки шахсияти шоир ҳамовози олами ботинии қаҳрамони лирикӣ гардида, ҳатто дар ҳолатҳои ҷудогона гоҳо аз назми ў ҷудо гардидааст.
Дар замони муосир шеър ҳаёти мустақиле пайдо кард, ки ба ҳаёти шоир вобастагие надорад. Дар ҳамин давр мафҳуми лирикии «ман» пайдо шуд. Ин мафҳум дар адабиёти нимаи аввали асри Х1Х, ки шахсияти шоир ва эҷодиёти ў аз ҳам ҷудо набуду як чизи воҳид буд, вуҷуд надошт. Дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ «ман»-и лирикӣ хусусияти ҳатмии эҷоди шоирона гардид. Вале шахсияти шоир ва қаҳрамони назм, «ман»-и лирикӣ ба ҳамдигар мувофиқат намекардагӣ шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё