Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба вуҷуд омадани образи объективии шоир боиси ба вуҷуд омадани мафҳуми «қаҳрамони лирикӣ» гардид ва минбаъд ин истилоҳ маънии образ (нақши)-и мустақилро ифода мекард.
Ба ифодаи дигар, мавқеи маънавию ахлоқии шоир дар ашъори лирикӣ пеш аз ҳама дар симои қаҳрамони лирикии ў таъйин гардид. Биноан, ин гуна қаҳрамон ҷаҳони ахлоқию маънавии худро берўю риё пеши хонанда мекушояд, баду нек, орзуву ормонашро пинҳон намедорад.
Омўзиши лирика дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳои барномаи таълимии адабиёти тоҷик маҳсуб меёбад. Чунки тоҷикон мардуми суханпарвар ва фарҳангсолори тамаддуни башар буда, тору пуди сиришти азалиашон аз овони хурдсолӣ бо каломи мавзуну оҳангнокии сухан танида шудааст. Ҳар як фарди тоҷик аз нахустин рўзи ҳаёташ бо сухани оҳангноку дилнишини аллайи модар ва муҳити ахлоқию маънавӣ сару кор дорад. «Алла» шаҳсуруди модарон аст ва роҳи зиндагии пурпечутоб ва ибратомўзро бо оҳанги хуш ва дилнавоз баён месозад. Баъдан сурудҳои бачагона аз қабили «Бойчечак», «Ман калон мешавам», «Гумон набаред», «Олуча гули бодом» ва монанди инҳо дар боғчаҳои кўдакона ҳангоми бозиҳои бачагона саршар аз муҳаббат сароида мешаванд. Аз остонаи нахустини мактаб бо дарси «Алифбо» хонандагони хурдсол ба байту шеърҳои кўдакона ва оҳангу сухани мавзуну мураттаб шинос гашта, моҳияту назокати онро аз бар мекунанд.
Омўзиши адабиёти тоҷик дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот низ дар заминаи осори пурарзиши саромадони ин адабиёти оламшумул, ки бештар бо шеър ва назм ифода ёфтааст, сурат мегирад. Муаллим дар вақти таълими лирика табиист, ки бо эҷодиёти шоирони алоҳида сару кор мегирад.
Бинобар ин ҳам, бояд дар назар дошт, ки фазилатҳои умумии дар боло зикршуда ба қаҳрамони лирикии шоирон муштарак бошанд ҳам, вале қаҳрамони лирикии ҳар шоир бо фазилатҳои хосаш фарқ мекунад.

пешина
аз 344
навбатӣ