МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Табиист, ки омўзгорони адабиёт ҳангоми таҳлили шеър ба ин нуктаҳои ишорашуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, шогирдонашонро ба дарки дурусти шеър раҳнамун месозанд ва бо ин восита ҳунари шоирро шинохта, маънии мақсудро дармеёбанд ва адабиётро ба ҳайси як санъату ҳунар таълим медиҳанд.
Адабиёти ғановатманди бостонии халқи тоҷик инъикоскунандаи ормонҳои таърихиву фарҳангии мардум буда, дар шаклҳо ва навъҳои гуногуни адабӣ баён ёфтааст. Мо бо шоҳкориҳои адабиёти худ ифтихор дорем, онро ҳамчун силоҳи наҷотбахш ва бақои умри миллат медонем. Шоҳкориҳои осори адабии мо бо камоли устодиву ҳунармандӣ ва зеботарин тарзи шоирона офарида шуда, аз шавқу завқу хаёлангез, сўзу гудози ошиқона, ҳусни пурназокат, нозу карашма ва истиғнои маъшуқ дар андарзу суханони ҳакимона ва панду ҳикматҳои орифонаю хирадмандана дар анвои мухталифи адабӣ инъикос гардидааст.
Дар адабиёти муосири тоҷик бошад, таълими порча аз достони Муъмин Қаноат «Мавҷҳои Днепр», ки дар барномаи таълими адабиёти синфи 5 дохил шудааст, барои таҳлил ва бедор кардани ҳисси одамият дар дили хонандагон низ арзишманд мебошад.
Хонандагон барои дарки шеър омода ҳастанд. Пештар аз омўзиши ин пораи достон онҳо бо қисматҳои «Мавҷ дар саҳро», «Мавҷи одам» шинос шуда буданд, ки дар бораи дўстии инсонҳои гуногунмиллат сухани гарме буд. Муаллим ҳангоми тафсири ин мавзўъ бояд ба байти аввали достон такя карда дарунмояи асарро ба хонанда шарҳ диҳад.
То ба мисли Панҷ бишносам туро, Дар Бадахшон ҷўям осори туро.
Дар ин достон асосан сухан аз дўстии халқҳои тоҷику украин меравад, ки дар озмоишҳои рўзгор қавӣ шудаанд.
Хонандагон чанд дарс пеш шеъри Лоҳутӣ «Саломи халқи тоҷик ба халқи Эрон»-ро низ хонда буданд. Муқоисаи пораи «Мавҷҳои бародарӣ» бо ин шеър аз назари жанру ғоя пураҳамият аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё