МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Диққати хонандагонро ба махсусияти созмони (композитсия) асари Муъмин Қаноат бояд ҷалб намуд.
Нақшҳои шоир, мавҷ ва инсонҳои дигар тамоми достонро ба ҳам мепайванданд. Махсусан, нақши мавҷ дар достон бори амиқи маънӣ мекашад. Ба ифодаи дигар, «хусусияти лирикии достон ба шоир имкон медиҳад, ки дар сайри замону макон
1 озодтар бошад».
Дар ин замина муаллим метавонад ҳангоми шарҳи достон андешаҳои зеринро баён созад, лаҳзаҳои зиндагии халқи украин пора-пора, мавҷ-мавҷ ба тасвир меояд ва монанди он ки мавҷ дар дарё пушти ҳам омада, дар рўдхона ба ҳамдигар пайвастааст, бобҳои достон низ бо ҳам пайванди мустаҳкам доранд. Шахсияти шоир ва таассуроти ў дар ин достон нақши баланд дорад.
Боби «Мавҷҳои бародарӣ»-ро муҳимтарин лаҳзаи таърихи халқи советӣ, ки дар он ягонагии хунии ў хеле барҷаста аён гашта буд, ба воситаи драмаи шахсии шоир нишон дода шудааст. Вале он фоҷиаи шахсӣ, ки муҳимтарин лаҳзаи таърихи халқро инъикос карда бошад, ҳаргиз фоҷиаи шахсӣ набуда, аллакай аҳамияти умумихалқӣ пайдо кардааст. Драмаи «Мавҷҳои бародарӣ» маҳз ҳамин хел хусусият дорад.
Ба дида нақши рўи ту, ба гўш гуфтугўи ту, Ҳанўз аз димоғи ман, нарафтааст бўи ту, Ба ҷои дур меравад, дилам ҳамеша сўи ту, Шудам калону омадам, кунун ба ҷустуҷўи ту Бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам!
Таҷрибаи нахустини достонсароии шоир пурбарор буд.
Вай аз рўи таассуроти шахсии худ чанд лавҳаи зиндагии халқи украинро кашид, ки барои бо як тарзи бадеӣ ифода
А. Ҳаким. ҳамон ҷо, саҳ. 78.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё