Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Таълими шахсияти адибон ва эҷодиёти онҳо ба мавзўъҳои монографӣ ворид шудаанд.
Таълими мавзўъҳои монографӣ аз давраҳои пай дар пай иборат аст, ки машғулияти роҳнамо, хониш ва таҳлили асари бадеӣ ва машғулияти хотимавиро дар бар мегирад.
Машғулияти роҳнамо хонандагонро ба қабул ва фаҳмидани асари бадеӣ завқ дода, нисбат ба сарнавишти адиб ва эҷодиёти ў таваҷҷўҳи онҳоро бедор менамояд ва диққатро ба мушкилоти асосии иҷтимоию таърихӣ ва ахлоқию зебошинохтӣ мутамарказ месозад.
Агар хониши бадеӣ ин бархўрди нахустини хонанда бо матни бадеӣ, дарки низоми ғоявию тасвирии асар дар асоси таҷрибаи зиндагӣ ва хондан бошад, таҳлил тасаввуроти ибтидоии хонандаро дар бораи адиб ва осори ў амиқ сохта, имконияти таълимию тарбиявӣ ва зебошинохтии таъсири асари бадеиро ба ташаккули шахсият амалӣ месозад.
Бинобар ин ҳам, муаллим муваззаф аст, ки таҳлили асари бадеиро барои танзими муносибати хонанда ба адиб ва осори ў истифода намуда, якравӣ ва худраъйии хонандаро барҳам занад ва ҳамзамон муносибати зинда ва шахсии ўро ба асари санъат ҳифз карда тавонад.
Машғулияти хотимавӣ дар бораи асар дар хонанда тасаввуроти ягона ба вуҷуд оварда, андўхтаҳои ўро ба низоми арзишҳои зебоишинохтии нисбатан васеи дониши фарҳангӣ ворид месозад.
Дар равиши омўзиши мавзўъ маълумоти муайяни хусусияти таърихию адабӣ ва назарию адаби дошта омўхта мешавад ва ҳамбастагии таълими адабиёт бо таърихи халқ, фарозу фуруди пешрафти он ва ҷараёнҳои иҷтимоию фарҳангӣ таъмин карда мешавад. Ин усул инкишофи гуфтор ва навишторро истисно намекунад, балки тақвият мебахшад.
Таълими мавзўъҳои монографӣ пайванди муайяни эҷодиёти адибони ҷудогона, меросбарӣ дар омўзиши мушкилоти адабӣ, нақшҳо, усулҳои зебоишинохтӣ ва мундариҷаи ғоявии асари бадеиро (масалан, мавзўи худшиносии миллӣ дар эҷодиёти Фирдавсӣ, Айнӣ ва Лоиқ) истисно намекунад.

пешина
аз 344
навбатӣ