Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеҳнӣ Т. Санъати сухан.- Душанбе, Ирфон, 1979.
13.Жирмунский В. М. Проблемы сравнительного изучение литератур – Дар кит. Взаимосвязи и взаимодействие националных литератур. М. 1961, стр. 5253. .

6.2 УСУЛИ ТАЪЛИМИ АСАРИ БАДЕӢ ДАР
СИНФҲОИ V-VII
Дар ин зинаи таҳсилот хонандагон ба осори адабиёти шифоҳӣ, афсонаҳо, таронаҳо, латифаҳо, зарбулмасалу мақолҳо, нақлу ривоятҳо, дубайтиву рубоиёт шинос мешаванд. Ҳадафи асосии таълими адабиёт дар ин давра ташаккули одоби ҳамида, маҳорати сухангӯйӣ ва шиносоӣ бо осори гаронбаҳои бузургтарин намояндагони адабиёт аст.
Дар ҳақиқат, барои омўзиши адабиёт дар ин давра интихоби осори саромадони адабиёт, чеҳраҳои маъруф ва ашъори зубдаи онҳо зарур аст. Масалан, омўзиши “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ баёнгари кулли достонҳои ҳамосавӣ ва мактаби адабии давр ва замони таърихист. Мактаби эҷодӣ ва осори ғановатманди Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ ва монанди инҳо барои ҳамаи шоирон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.
Дар интихоби эҷодиёти адибон бояд ҳунари эҷод ва арзиши осор дар мадди аввал гузошта шавад. Мутаассифона, бинобар сабаби дар барномаи таълимии синфхои 5-7 ҷой дода шудани миқдори зиёди адибон таълими мавзўъҳо сатҳӣ сурат гирифта, азхудкунии мавод ва сифати таълим мушкил ва ҳадафи аслии таълими адабиёт имконнопазир мегардад.
Таълими адабиёт дар ин зинаи таҳсил бояд дарки ғояҳои ватандӯстӣ, илму дониш, ҳунар ва ҳунармандӣ, парастиши забон, муқаддасоти миллӣ, ростӣ ва росткорӣ, тараннуми дӯстӣ ва бародарӣ, эҳтироми падару модар, меҳнатдӯстӣ, хушбахтӣ, ишқи пок, ёрӣ ба муҳтоҷон , ҳаёти солим, бунёдкорӣ ва ободонӣ, мазаммати дурӯғ, майзадагӣ, бухлу ҳасад, душманӣ, ғайбат, риёкорӣ ва ғайраро фароҳам оварад.
Дар барномаи таълими адабиёт мавзўъҳои дарси таърихи адабиёт ба ду гурўҳ (мавзўъҳои обзорӣ ва мавзўъҳои монографӣ) ҷудо шудаанд. Барнома чун анъана омўхтани вазъи таърихию адабӣ, пайдоиш ва марҳилаҳои инкишофи забону адабиёти тоҷик, омўхтани навъҳои адабӣ, вазъи сиёсӣ, мазҳабӣ ва ғайраро ба мавзўъҳои обзорӣ дохил намудааст.

пешина
аз 344
навбатӣ