МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан- Назари нависандаи бузурги рус Лев Толстой бар ин буд, ки ҳар асари бадеие, ки аз таълими олии динӣ ва ахлоқӣ баҳраманд набошад, ма{дуд аст.
- Таълимоти назарияи реализми сотсиалистӣ, ки тўли замони Шўравӣ усули омўзиш ва таҳсили мо бар он такя дошт ва ҳоло низ ба усулҳои ҳамон таълиму тарбия пойбанд аст, танҳо ба адабиёте арзиш медод, ки ба воқеият асос ёфта, суди табақаи заҳматкашро дифоъ карда бошад.
- Адабиёт дар сурате хуб аст, ки дар назди ҷомеъа масъулият дошта бошад. Сартери фаронсавӣ ин масъулиятро дар назди адабиёт гузошта, ба дунболи он таъкид меварзад, ки «масъалаи гуруснагии ҷаҳонӣ, таҳдиди бомбаҳои атомӣ, бегонагии башар аз худ интиҳо масоиле аст, ки агар сар то сари адабиёти моро дар бар нагирад, ҷои тааҷҷуб аст».
Чунон ки мебинем, аз он шаш назария танҳо яке (ҳунар барои ҳунар) мункири лузуми ахлоқ дар адабиёт аст, бақия гарчи наҳваи дидашон яке нест, ин марзи фикрро доранд, ки адабиёт бояд ба наҳве дар хидмати инсоният қарор гирад.
Мо дидгоҳҳои гуногуни назариро дар ихтиёри омўзгорон гузошта, таъкид меварзем, ки таҳлили асари бадеӣ дар мактаб махсусияти худро дорад, ки онро аз таҳлили адабиётшиносӣ бояд фарқ кард. Тафовути аслӣ дар хусусияти омўзишии таҳлили адабиёт дар мактаб аст, ки ҳадафи таълимию тарбиявӣ низ дорад.
Махсусияти таҳлили мактабии асари бадеиро усули таълим муайян менамояд, ки муҳимтарини он ҳадафмандии таҳлил ва дар он ҳузур доштани ғояи ягонаи зиндагибахш мебошад. Дар ҷараёни таҳлил ҳамавақт гузоштани саволҳо ҳадафмандии таҳлилро таъмин менамояд. Чаро? Барои чӣ?
Бо кадом мақсад? Ин саволҳо хонандаро бедор карда, ба саволҳои адиб ва зиндагӣ ҷавоби ҳаётбахш медиҳанд.
Таҳлили асари бадеӣ дар мактаб бояд барои ташаккули ҳадафҳои арзишманд ба хонанда ёрӣ расонда, фазилатҳои ахлоқӣ, зебоишинохтии шахсии ўро боло барад, малакаи хониш, тафаккур, ҳисси нозук, эҳсоси зебоишинохтӣ, маҳорати дарёфти таассурот ва баёни ўро тақвият бахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё