Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба назар гирифтани дарки моҳияти асари бадеӣ, муносибати эҳтиёткорона ба он дар равиши таҳлил арзиши муҳим дорад. Мо бояд идроки зиндаи хонандагонро аз асари ҳунар ҳифз намуда, хониши асарро аз ҳисоби ҳамин таассурот ташкил намоем. Зеро ин идрок низ тасодуф набуда, санади қонунияти таърихист. Дигар ин ки мо ҳамин идроки зиндаи хонандаро санҷида, амиқу аниқ ва ислоҳ намуда, бо ёрии омўзиши илмӣ ва таҳлили асар тағйир медиҳем. Вале бе идроки зинда натиҷаи омўзишӣ ва илмӣ ба даст намеояд.
Ошноӣ бо қисмат ва ранҷи қаҳрамонон ба хонандагон имкон медиҳад, ки аз қолаби таҷрибаи худ берун оянд ва эҳсосашонро ташаккул дода, онро амиқ ва пурмазмун созанд.
Бинобар, ин дар машғулияти адабиёт алоқаи дарунмояи асарро бо таҷрибаи хонандагон таъмин намудан ниҳоят муҳим мебошад. Зеро таҳлили асари бадеӣ бо воқеият пайванди ногусастанӣ дошта, аз ҷузъҳои муҳими дарси адабиёт маҳсуб меёбад.
Мутаассифона, таҷриба нишон медиҳад, ки гоҳо омўзиши асари бадеӣ аз таассуроти зиндагӣ ва эҳтиёҷи маънавии хонандагон фосила мегирад. Баъзе муаллимон бо хондан ва таҳлили муфассали нақшҳо машғул шуда, дар бораи таъсири ахлоқие, ки асари бадеӣ мегузорад, ҷиддан намеандешанд. Агар ҳангоми таҳлил таассурот ва таҷрибаи хонандагонро аз зиндагӣ бо воқеияти дар асари бадеӣ тасвиршуда қиёс кунем, самараи дарс беш хоҳад шуд.
Асари адабӣ ҳамон вақт ба дили хонанда менишинад, ки агар нақшҳо, андешаву эҳсосоти муаллиф хонандаро ба фаъолияти эҷодгарӣ ҳидоят кунанд. Омезиши таҷрибаи адибу хонанда ҳақиқатеро эҳё мекунад, ки таъсири нерўи адабиётро ба одамон нишон медиҳад.
Ҳангоми омўзиши асари бадеӣ бояд ба он кўшид, ки таҳлил шавқи хонандагонро ба адабиёт зиёд кунад ва онҳоро ба андешидан водор намояд. Наврас табиатан фаъолу кунҷков аст.

пешина
аз 344
навбатӣ