Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-намоиши интихобии филмҳо ё кадрҳо аз филм, ки лаҳзаҳои барои таҳлил муҳимро акс кардаанд (масалан, тасвири қаҳрамоне, ки дар бораи он сухан меравад);
-ошнокунии хонандагон бо филме, ки аз рўи асари бадеӣ ба навор гирифта шудааст ва суҳбат аз рўи муқоисаи он бо кино (масалан, повести «Марги судхўр»-ро бо филми ҳамномаш қиёс намудан);
-шунидани сабти овозии асар дар иншоди устодони ҳунари сухангўӣ.
Воситаҳои намоишӣ ва шуниданӣ ба хонандагон ёрӣ мерасонанд, ки намуди зоҳирии қаҳрамонро тасаввур кунанд, олами ботинии онро фаҳманд. Ин воситаҳо вазъияти амалиётеро, ки тарзи зист ва ахлоқи замони хосро муайян мекунад, месозанд ва ҳадди муҳими мундариҷаи ғоявии асарро, ки дар намудҳои гуногуни санъат муҷассам мешаванд, мекушояд (санъати сухан, санъати тасвирӣ, санъати кино ва ғ).
Асбобҳои аёниро (намоишӣ) ба мақсади баланд бардоштани кайфияти ҳиссии хонандагон метавон то таҳлили асар истифода кард. Ҳамчунин, дар ҷараёни таҳлил барои дарки амиқи он чи ки дар борааш сухан меравад ва баъди таҳлил ҳамчун анҷоми давра, ки мушоҳидаҳои пешинаро омезиш диҳад.
Он чи ки дар ин қисм тавсия шуд, ҳукм нест, балки муаллими огоҳ бо истифода аз пешниҳодҳои мо нусхаҳои комилтари ин дарсро метавонад тарҳ диҳад ва ба иҷро дарорад.

пешина
аз 344
навбатӣ