Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зимнан бояд гуфт, ки ҳунари таҳлилгарӣ дар интихоби он чизе зоҳир мешавад, ки дар бораи мундариҷа ва арзиши бадеии ҳамон асар тасаввуроти комил медиҳад.
Дар ин роҳ интихоби усули таҳлил аҳамияти аввалдараҷа дорад. Муҳаққиқони таълими адабиёт усули таҳлили асари бадеиро дар синфҳои боло ба ду қисмат ҷудо намудаанд:

  1. Таҳлили асар аз рўи равиши инкишофи сужет (амал); ба ин гурўҳ усулҳои таҳлил аз пайи муаллиф, аз рўи сужет, муназзам ва омўзиши воҳиди асар ва ғайра дохил мешаванд.
  2. Таҳлили асар аз рўи ҷузъҳои асосии мундариҷа ва сужет (таҳлили масъалагузор).
    Таҳлил одатан дар шакли суҳбат гузаронида мешавад, ки дар ҷараёни он матни асари бадеӣ дар тарзи хониши интихобӣ ё иқтибосӣ васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷониби хонандагон маърўзаи начандон бузургҳаҷм тайёр намуда, онро дар дарс шунида муҳокима намудан муфид аст.
    Хонандагон дар вақти тайёр кардани маърўза ба матни асар такя ва ба сарчашмаҳои иловагӣ муроҷиат намуда, муносибаташонро бо чизи хондаашон муайян менамоянд. Аз рўи таҳлил метавон машғулияте гузаронд, ки он ба суҳбат, маърўзаҳои хонандагон ва сухани ҷамъбастии муаллим поён мепазирад.
    Агар дар чунин машғулият воситаҳои намоишиву шуниданӣ истифода шаванд, манфиати дарс бештар мешавад. Дар машғулияте, ки ба таҳлили асари бадеӣ ихтисос ёфтааст, корҳои зеринро метавон ба назар гирифт:
    -дидани тасвирҳо дар заминаи асари омўхташаванда ва сўҳбат аз рўи мазмуни онҳо;
    -таҳлили лавҳаҳое, ки мавзўъ ва ҳадафи ғоявиашон бо асари мавриди омўзиш наздик аст ва муқоисаи онҳо;
пешина
аз 344
навбатӣ