МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар муҳити илмии педагогика аслан калимаи методро истифода менамоянд. М. А. Рибникова оид ба истилоҳи методика таъкид менамояд, ки «Методика истифодаи моҳиронаи вақт ва маҳорати оқилонаи иқтидори хонанда, пайдо намудани асосҳо ва муҳимияти маводи таълимӣ, ташкили бомаҳоратона фаъолият ва меҳнати аҳлонаи синф ва таъсири амиқи он ба фардияти муҳассилин мебошад».
Дар луғати маъмулии илмӣ равишро ба маънии тариқ ё худ роҳи дарёфти мақсад таъбир кардаанд. Дар соҳаи омўзишу парвариш онро усули омўзиш маънидод кардаанд, ки тарзи фаъолияти якҷояи омўзгор ва хонанда дар ҷараёни таълим ва дарёфти дониш, ба даст овардани малака ва маҳорат ва ташаккули ҷаҳоншиносиро ифода мекунад.
Маҷмўи фаъолияти асосноки мантиқӣ, шарҳу тафсири матнҳо, амалиёт барои азхудкунии амалӣ ва назарии матлаб ба таркиби равиш дохил мешаванд.
Дар ин робита В.В. Голубков қайд менамояд, ки «методика ба кадом фанни таълимие алоқаманд бошад ҳам, айнияти байниҳамдигарии онҳо дар он зоҳир мегардад, ки мутаҳаррики мунтазами принсипҳо, мавод ва усулу равиши фаъолияти омўзгорро муайян намуда, ба се саволи асосӣ: «барои чӣ, чӣ ва чи тавр», ҷавоб медиҳад».
Методика ба система ва консепсияи муайяни таълим далолат намуда, ҳамчун фанни соҳаи педагогика қонуният, вазифа, принсип ва консепсияи илмию тадқиқотии худро дорад. Дар ҳамин асос, академик М. Лутфуллоев дар маҷмўъ фаҳмиши истилоҳи методикаро чунин ҷамъбаст намудаанд:
- Методика ҳамчун усули фаъолияти муаллиму талабаҳо илмест дар бораи роҳ, тарз ва воситаҳои омўхтани дониш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё