МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
ҳосил намудани маҳорату малака, ташаккули чаҳонбинии хонандагон, тарбия ва инкишофи қобиляти онҳо.
Айни замон дар муҳити таълиму тадриси мо ба ин маънӣ калимаи равишро низ пазируфтаанд. Равиш ба маънии тарзи гузаронидани дарси адабиёт қобили қабул аст. Солҳои тўлонӣ равиши умумии таълими адабиёт шоеъ буд ва омўзиши давраҳои гуногуни адабиётро пешниҳод мекард.
Масалан, равиши омўзиши зиндагинома, равиши таҳлили асари бадеӣ ва ғайраҳо. Вале дар ҳар давра, ҳарчанд ихтисосӣ бошад ҳам, ягонагии низоми равишҳо ба миён меояд. Яке аз заминаҳои муҳими ягонагии таълими адабиёт дар мактаб низ дар ҳамин аст.
Дар замони Шўравӣ равиши таълими адабиёти тоҷик ба назария ва амалияи равиши таълими адабиёти рус такя мекард ва имрўз низ ин равиш идома дорад. Дар замони мо дарси адабиёт нисбат ба ҳар замони дигаре арзиши бештари инсонпарварона ва созандагӣ касб намудааст ва василаи неруманде барои ташаккули ҳамаҷонибаи маънавии насли ҷавон гардидааст. Ин дарс агар босамар ба роҳ андохта шавад, ба маънои томи сухан инсон месозад, инсоне, ки метавонад барои худ зиндагии шарофатмандонаеро созмон дода, дар пешрафти ҷомеа ва ободии кишвар саҳми арзанда дошта бошад. Аз ин назар, масъулияти омӯзгор, ба хусус муаллими адабиёт дар даврони мо дигаргун гардида, вазифаи вай на фақат омӯхтану фаҳмондан, балки андеша ва балоғати сухану маънӣ парваридан, нишон додан, ба ҳаяҷон овардан ва бовар кунондан низ ҳаст.
Донишмандон бар ин назаранд, ки аз мавқеи забоишинохтӣ ва адабиётшиносӣ ва аз рӯи хусусияти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё