МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хонандагон матни афсонаро дар хона хонда, ба нақли мазмуни он омода мешаванд. Вале қабл аз шунидани мазмуни афсона, муаллим бояд таваҷҷуҳи хонандагонро ба забони он ва шароити гуфтану эҷоди он ҷалб кунад. Дар ин маврид бояд хонандагонро бовар кунонд, ки ба он тарзе ки мардум бофтааст, наметавон ҳаргиз бофт, балки бо қалам низ навишт. Ин таъкид бояд бар забони хоси афсона бошад.
Байти зерини Мавлавӣ:
Боз гў, то қисса дармонҳо шавад, Боз гў, то марҳами ҷонҳо шавад. –
бояд афкор ва андешаи муаллимро оид ба шароити таърихию иҷтимоии пайдоиши афсона ба ковиш оварад. Дар ин равиш омўзгор тақрибан зеҳнияташро бояд бо назари зерин такмил бахшад: шояд шунавандаҳои нахустини афсонагў тарсон аз ҳаводиси зиндагӣ, тарсону ҳаросон гирди сандалӣ нишаста, интизор будаанд, ки сарнавишти Эраҷ чӣ мешавад? Оё ў метавонад бар девон пирўз шуда, мардум ва падарашро наҷот диҳад? Баъд чӣ шуд? Оё онҳое, ки интизории наҷотро доштанд, бо Эраҷ яке ҳастанд? Эҳсоси шинохти падар дар дили Эраҷ дар кадом вазъ ва чӣ гуна пайдо шуд? Ў чӣ гуна ба воя расид? Чӣ гуна пеш рафт, бо девон пирўз шуд ва қавмро наҷот бахшид?
Дар ин ва афсонаҳои дигар мо бо инсонҳои нахустин, ниёзҳову армонҳои нахустин рў ба рў мешавем. Аксари афсонаҳо бо ифодаи «буд, набуд…» шурўъ мешаванд. Умри ин ифода ба умри забони мо баробар аст. Ниёгони мо дар талош барои зинда мондан андешаҳояшонро дар боби зиндагӣ ва зинда мондан дар қолаби афсонаҳо мерехтанд ва бо ин роҳ дар баробари сахтиҳои рўзгор садди ҷодуӣ бунёд мениҳоданд.
Ҳамаи халқҳо ва фарҳангҳо афсонаҳо ва устураҳои худро доранд ва ба саволҳое посух ҷустаю посух гуфтаанд: ин ки ашё чӣ гуна пайдо шуд? Инсон чӣ гуна ба вуҷуд омад? Қавму қабила ба чӣ дастур наҷот ёфт? Худоён чӣ хостанду қаҳрамонон чӣ гуна ҷангиданд? ва ғайраҳо. Ин афсонаҳо ҳарчанд имрўз ибтидоӣ ба назар мерасанд, ҳадафҳои хеле ҳам ҷиддӣ доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё