МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Масалан, тарҳи намунаи дарсро мо чунин тасаввур менамоем:
Дар мавзўъҳои меҳнат, ҳунаромўзӣ, дониш ва одаму одамгарӣ варақа омода карда, дар он зарбулмасалу мақолҳоро дар мавзўъҳои зикршуда менависем. Адади ин варақаҳо ҳабдаҳто буда, нақшаи кор чунин аст:
I. Меҳнат ва меҳнатдўстӣ:
фиребгару танбал, аз бекор ҳама безор, хобрафтагӣ нон намехўрад, беҳудагў, лофзан, бо забон кор намекунанд, обмўрӣ аз боғ калон.
II. Кори хуб ва шарафмандӣ:
Бахт аз меҳнат аст.
Меҳнат кунӣ, роҳат бинӣ.
Меҳнат шараф аст.
III. Ҳунар ва ҳунаромўзӣ:
Аз зари падар ҳунар беҳтар.
Одами беҳунар- дарахти бесамар.
Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст.
IV. Дониш донишомўзӣ:
Ҳунар аз дониш, дониш аз хониш.
Дониш чароғи ақл аст.
Илм хоҳӣ- такрор кун.
V. Одаму одамгарӣ:
Аз мардумозор ҳама безор.
Ваъда додӣ, вафо кун.
Қавл додӣ, иҷро кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё