МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Хоксорӣ зинати инсон аст.
Муаллим варақаҳоро дар даст нигоҳ медорад. Яъне, варақаи аввали ҳар мавзўъро, варақаи боқимондаро ба хонандагон бояд тақсим кард. Дар сурати нарасидани варақаҳо якеро ба ду ё се ва ё зиёдтар хонанда метавон дод.
Хонандагони синфи V аз ин миқдор зиёд зарбулмасалу мақолро аз худ карда наметавонанд.
Муаллим ба хонандагон хабар медиҳад, ки зарбулмасалу мақолҳоро дар мавзўъҳои меҳнат, ҳунар, дониш ва одаму одамгарӣ таҳлил мекунад. Вай номи мавзўъҳоро дар тахтаи синф менависад.
Баъд мақоли аввалини дар дасташ бударо мегўяд: «Аз бекор ҳама безор». Ҳамзамон, талаб мекунад, ки як-ду хонанда мақолро такрор кунанд. Вазифаи дарс аз он иборат аст, ки хонандагон бо роҳи таҳлил ва такрор, ҳамаи зарбулмасалу мақолро аз ёд кунанд. Баъд суол мекунад:
- Дар ҳаққи чӣ хел одам ин мақолро мегўянд?
Ў чӣ гуна одам аст? - Вай одами бекорхўҷа аст, дар ҳеҷ куҷо ба ҳеҷ коре машғул нест.
Муаллим ин ҷавобро шунида аз хонандагон тақозо мекунад, ки дар бораи одами коргурез, оне, ки ба меҳнат муносибати хуб надорад, зарбулмасал ва мақолҳои дигарро низ бигўянд. Бачаҳо даст боло мекунанд. Муаллим таъкид менамояд, ки зарбулмасалу мақолро ҳифз кунанд, онро буррою равшан дар зеҳнашон такрор намоянд. Пас аз ин аз забони аҳли синф бояд зарбулмасалу мақолҳои зерин шунида шавад:
Бахт аз меҳнат аст.
Меҳнат кунӣ, роҳат бинӣ.
Меҳнат шараф аст.
Дар бораи мақоли охирин бояд андешид, зеро он маҳсули замони мост. Дуи дигар мақолҳо ба замонҳои пештар тааллуқ доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё