МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Онҳо сарзамини тоҷиконро аз кӣ муҳофизат менамуданд? Ба фоҷиае, ки ба сари халқ ва шаҳру деҳоти мо омад ва боиси марги ҳазорон ҳамватанони мо гардида, шаҳру деҳотамонро ба харобазори беодам табдил дод, кӣ сабабгор буд?
Саҳнаҳои фоҷиабори ин гузаштаи дурро чӣ гуна ва бо кадом роҳ метавон дар назари хонанда наздик ва ба дилаш қарин сохт? Ин корро метавон амалӣ сохт. Фақат ба ёд овардан кофист, ки гузашта фаромўш намешавад, агар мо ору номуси ватандорӣ дошта бошем. Гузашта дар сурати ёдгориҳои хаттиву даҳонӣ, пойдевори кўшкҳои харобгашта ва шаҳру деҳоти холӣ аз соҳибонашон зинда аст. Бисёр хуб мебуд, агар ақаллан ба воситаи суратҳо саҳнаҳоеро аз харобазорҳои таърихи гузаштаамон ба бачаҳо нишон дода, фоҷиаҳои таърихро ба ёди онҳо оварем. Дар ин ҳол табиист, ки суолҳое ба миён меоянд: Бачаҳо аз таърихи қадими халқи худ чӣ медонанд? Мо таърихи кишварамонро аз кадом сарчашмаҳо меомўзем? Солномаҳо, ҳуҷҷатҳо, ҳафриёти археологӣ, асарҳои бадеии таърихӣ ва ғайра ба омўзгор кумак мерасонанд. Сарнавишти Темурмалик, ки фарзанди ҳамин обу хок буд, моро ба гузаштаи дур мепайвандад. Вай дар ҳимояи ватан танҳо набуд. Ҳазорон хуҷандиён дар мубориза бар зидди чингизиёни хунхор қурбон шуданд.
Аҳамияти муборизаи хуҷандиён бо истилогарони тотор (муғул) ва даҳшати ба харобазор табдил ёфтани шаҳру деҳ шарҳ дода мешавад. Махсусан, бақияи тамоми лашкариёни худро бо худ гирифта ба қасди поймол кардани Мовароуннаҳр, Хоразм ва Хуросон ба роҳ баромад таъкид мешавад. Чингизхон бо ҳамин роҳ аввал Банокат ва маҳаллоти атрофи он, баъд Хуҷандро хароб намудааст; кўчиёни истилогар чӣ гуна ба Хуҷанд наздик шудаанд; шаҳриён онро чӣ гуна муҳофизат менамуданд; фил ва тилисм, ҷанг: камон, шамшер, тир, найза, яроқи деворшикан, манҷаниқ, гурз, табарзин ва ғайра таъкид ва ташреҳ дода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё