Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

6.7. ТАЪЛИМИ ПОРАЕ АЗ ПОВЕСТИ САДРИДДИН
АЙНӢ «ҚАҲРАМОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК
«ТЕМУРМАЛИК»
Дар барномаи таълими адабиёт барои таҳсили мавзўи устод Айнӣ панҷ соат ҷудо карда шудааст. Ин панҷ соат ба таълими порае аз «Ёддоштҳо», қисми якум, пораҳо аз «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Ҳуҷуми чингизиён ба Хуҷанд ва ҷанг дар болои шаҳр», «Ҷанг дар биёбон ва тири бепайкон» ихтисос ёфтаанд. Муаллим метавонад аз ин панҷ соат ду соаташро ба таълими порае аз «Ёддоштҳо» ва ду соати дигарашро барои «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва як соаташро ба пурсишу такрор ихтисос диҳад. Ин ҷо мо зайли намуна ду соатро ба қироат ва таълими мавзўи «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»
бахшидем.
Дарси аввал: «Ҳуҷуми чингизиён ба Хуҷанд ва ҷанг дар болои ин шаҳр»
Ин дарсро бо нақшаи зерин метавон гузаронд:
а) суҳбат дар бораи муборизаи тоҷикон бо чингизиён; б) ҳикояти муаллим («Ҳуҷуми чингизиён ба Хуҷанд ва ҷанг дар болои ин шаҳр»); в) ба воситаи саволҳо нақл кардани мазмун; г) кор вобаста ба забон ва таъбирҳо; д) нақли комили ин пораи асар.
Барномаи таълимӣ ин пора ва қисмати баъдии очерки таърихии устод Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-ро ҷиҳати арзиши адабӣ ва таърихӣ доштанаш ба омўхтан пешниҳод намудааст. Ин асар чун тафсире дар ҳошияи таърихи тоҷикон ва муборизаҳову ҷонфишониҳои онҳо дар роҳи ҳифзи ватан аз истилогарони хориҷӣ арзиши фаровон дорад.
Дарсро бо суолҳое бояд шурўъ кард, ки хонандаро ба таҳрик оваранд. Дар он лаҳзаҳои тақдирсоз фарзандони далери халқ, мисли Темурмалик бо кӣ буданд?

пешина
аз 344
навбатӣ