Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мардуми шаҳр ва деҳоти атрофро, ки ба қалъаи хушкӣ ғун шуда буданд, ба мудофиаи шаҳр даъват намуд ва ба онҳо тавсия кард, ки ба ҳеҷ ҳилаву найранг ва ба онҳо таслим нашаванд ва оқибати таслимшудагонро пеши назар оварда, то ҷон дар бадан доранд, худро нигаҳдорӣ кунанд, Темурмалик бо шиддати аввала ва балки аз вай ҳам зиёдтар ҷангро давом мекунонид.
Рўз то рўз зиёд шудани ҳисси интиқомгирии темурмаликиён нисбат ба чингизиён ва торафт шуълавартар шудани оташи ғазабу нафрат нисбат ба онҳо ҷои камии ҷисмонии темурмаликиёнро пур мекард. Лекин аз даст рафтани шаҳри Хуҷанд ва қалъаи қадимии он ва қатли ом ёфтани аҳолӣ кори Темурмаликро душвор кард.
Хонандагон бо ҳамин усул барои пурра хондани пораи очерк дар хона омода мешаванд ва дар дарси оянда мазмуни онро нақл менамоянд. Ин ҳикояти хонандагон бояд бо луғат ва коркарди таъбирҳо қавӣ карда шавад. Баъзе ифодаву номҳо ва истилоҳоти онзамонии ҷангиро бачаҳо бояд дар ёд гиранд. Ва он истилоҳу ифодаҳову номҳо хати пайванди дирўзу имрўз мешаванд. Масалан, фақат ба воситаи ҷумлаи «Муғулон барои сангкашонӣ кўҳеро, ки ба ҳамон муносибат номаш «Кўҳи муғул» шуда мондааст, интихоб карданд. Як қисми асирони ҳашариро ба сангбурӣ ва сангкобӣ ва қисми дигарашонро ба сангкашонӣ кор фармуданд» - бисёр чизҳоро ба бачаҳо фаҳмондан мумкин аст. Дар зимни ҳамин таҳлил истилоҳоти ҳарбии он рўзгорро бо имрўз муқоиса кардан низ ёди таърихии хонандагонро мустаҳкам месозад. Метавон калимаҳоеро, ки муҳорибаро ифода мекунанд, интихоб кард ва дар муқоиса бо истилоҳи имрўзӣ шарҳ дод. Пас аз шарҳи луғат ва таъбирҳо нақли хонандагон ба матни аслӣ наздик мешавад. Ифодаҳо ва таъбирҳои ҳикматнок ба дафтар навишта мешаванд.Мавзўи ватандўстӣ, сабақи ҳарбӣ, ҳисси рафоқат, рўҳияи қаҳрамонӣ ва масъулият дар назди халқу ватан дар ин асар ба қадри кофӣ ифода шудааст. Порчаҳои ин асарро мо дар синфи 5 таълим дода, шогирдонро ба хондани асарҳои нисбатан калонҳаҷми ҳамосӣ (эпикӣ) омода мекунем.

пешина
аз 344
навбатӣ