Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои ба ин ҳадаф расидан мо бояд аз усулҳои судманде монанди маводи намоишӣ, таърихӣ, хониши дубора, суолу ҷавоб, тасвиркориҳои худи хонандагон, шеърҳои шиор дар ин мавзўъ истифода кунем. Дар натиҷа хонандагон ба моҳияти аслии асар сарфаҳм мераванд ва он бигзор яке аз ҷузъҳои таъсири ахлоқӣ ба хонандагон гардад.
Зеро Айнӣ дар ин асар аз сарнавишт ва корномаи ононе нақл кардааст, ки ҷонашон пеши ҳастии ватан арзиш надошта, яке бо ҳазор нафар истилогар даст ба гиребон будаанд. Ва барои ватан ҷон бохтаанд.
Дар соати дуюми ин дарс пораи дигари ҳамин очерк «Ҷанг дар биёбон ва тири бепайкон» хонда ва таҳлил карда мешавад. Хониш ва таҳлили пораи аввал хонандагонро ба фаҳмиши ин қисмати матн омода менамояд. Муаллим метавонад кўтоҳакак сарнавишти Темурмалик ва ёрони ўро аз пораи аввала ба ёд оварад. Вай дар бораи шаҳри Хуҷанд, ки дар он давра аз марказҳои муқтадири тоҷикнишин буд ва осори бошукўҳи фарҳангӣ дошт, бояд сухан гўяд. Ин руҷўи таърихӣ хонандагонро ба хондан ва дарки қисми баъдии ин очерк омода месозад. Ҳарчанд хондан ва таҳлили пораи аввал, корбурди луғату истилоҳот ва таъбирҳо забони асарро ба хонандагон наздик кард, вале ҳанўз душвориҳои дигаре ҳаст, ки хондани он ба хонандагон мушкилот меоварад.
Бинобар ин муаллим матнро хонда, нақли мазмунро ба дўши хонандагон мегузорад. Ҳангоми хондан ва нақл калимаҳои душворфаҳм тавзеҳ дода мешаванд. Дар соати дуюми таълими ин мавзўъ низ муаллим барои тақвият додани эҳсоси ватандўстии хонандагон метавонад аз усулҳои писандида ва воситаҳои ёрирасони таълимӣ истифода барад.

6.8. ТАЪЛИМИ ПОРЧАҲО АЗ «ЧАРОҒИ АБАДӢ»-И
МИРЗО ТУРСУНЗОДА Дар барнома барои таълими осори Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар синфи V панҷ соат ҷудо карда шудааст.

пешина
аз 344
навбатӣ