Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мо медонем, ки хондан усули одӣ ва хуби бо асари бадеӣ ошно кардани хонандагон аст. Вале то вақте ки мо ба тарзи муассир хонданро ба хонандагон наомўзонем, дар хондан натиҷаи дилхоҳ ба даст намеоварем.
Албатта, ба тарзи муассир, таъсирбахш ва бурро хондан барои хонандагони синфи V осон нест. Вале бояд донист, ки фақат хондани муассиру таъсирбахш моҳияти асар, умқи маънавӣ ва арзиши рўҳии онро ошкор месозад ва ба хонанда мерасонад. Чӣ гуна метавон ин пораҳои достони Мирзо Турсунзодаро муассир ва таъсирбахш хонд? Ба хонанда нишон додан лозим аст, ки ин ду қисмати достон маънӣ ва мазмуни хос дошта, ҳар кадоме бо оҳанги хос хонда мешавад. Дар вақти қироат ҳангоми аз ҷузъе ба ҷузъи дигар гузаштан садои хониш зери таъсири эҳсосоти лозима тағйир мепазирад. Бо ҳамин усул мо метавонем рўҳи шеър ва хостаҳои бадеии шоирро ба хонанда расонем.
Достони «Чароғи абадӣ» зоҳиран хусусияти тарҷумаиҳолӣ дошта, фарзанд ёфтани шоир ва истиқболи адиби бузург Садриддин Айнӣ ифодагари маънои маҷозии достон аст. Аммо ба қавли адабиётшинос Холиқ Мирзозода, «моҳияти фалсафии асар амиқтар аст, шоир, аз як тараф, наслҳои нави халқи худро тавсиф мекунад, ки онҳо бо пои қадами некашон ҳаёти ояндаи халқи моро фурўзон мегардонанд, аз тарафи дигар, он баргузидагони халқамонро тасвир менамояд, ки онҳо бо фаъолияти эҷодӣ ва ҳаётиашон на танҳо симои бузурги худро абадӣ гардондаанд, балки барои дар ҳаёт мавқеи ба назар намоёнро ишғол намудани
1 халқу миллаташон ёрӣ додаанд».
Агар худи муаллим дар хондани муассир намуна набошад, агар хонандагон ба ў пайравӣ карда асарро ба тарзи муассир ва таъсирбахш нахонанд, гумон аст, ки мазмун ва моҳияти асар бо тамоми паҳлўҳояш ба онҳо дастрас шавад.
Муассир хондани шеър ба сари худ шарҳи маънии он аст.

Х. Мирзозода. Адабиёт аз нуқтаи назари ҳаёт. Душанбе, 1973, саҳ. 257.

пешина
аз 344
навбатӣ