Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эҷодиёти ин шоири бузург дар ин синф дар қатори бисту як адибе таълим дода мешавад, ки завқу фаросати ҷаҳонбинӣ, биниши сиёсии хос, тасвирҳои бадеӣ, назари илмӣ, мазҳабӣ, мавқеи ахлоқӣ ва бадеию ҳунарии худро доранд. Чунин раҳнамоии барнома шароитеро фароҳам меорад, ки муаллим дар вақти таълими ҳар мавзўъ консепсияи хоси таълимиву тарбиявиро пеш гирад. Аз ин панҷ соати барои таълими осори шоир ҷудошуда мо як соаташро ба мавзўи «Порчаҳо аз «Чароғи абадӣ», «Интизорӣ» ва «Мулоқоти якум» ихтисос додем.
Пас аз суҳбати муқаддимавӣ муаллим аз хонандагон мепурсад, ки дар бораи Мирзо Турсунзода чӣ медонанд.
Хонандагон ҳар чизеро, ки дар синфҳои поёнӣ доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ин шоир медонанд, ба ёд меоваранд. Хуб мешуд, ки ҳангоми суҳбат тасвири устод Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода гузошта шавад.
Матни асар ҳамзамон бояд дар синф хонда шавад.
Барои он ки фаҳмидани матни пурраи ҳар ду пораи достон ба хонандагон осон шавад, ҳатталимкон байту пораҳои душворфаҳмро шарҳ дода гузаштан мувофиқи мақсад мебуд.
Ин усулро дар вақти хондан аҳён-аҳён метавон истифода кард ва муфид ҳам ҳаст. Дар синф қисмати «Интизорӣ»-ро хонда, «Мулоқоти якум»-ро хонандагон метавонанд дар хона хонанд. Ҳамчунин, дар рафти хондан ба саволҳои дар китоб омада бояд ҷавоб тайёр кунанд ва дар хона хонандагон бояд байтҳои қисмати «Интизорӣ»-ро ки муносибати падарро ба таваллуди фарзанд ифода мекунанд, нависанд.
Илова ба ин байтҳои ҳикматноки достон аз қабили Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард, Зинда аз фарзанд монад номи мард, - ро навишта аз ёд кардан муфид аст.
Муҳимтарин ва судмандтарин коре, ки муаллим дар таълими ин мавзўъ анҷом медиҳад, ифоданок хондани пораҳои шеърӣ аст.

пешина
аз 344
навбатӣ