МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Аз ин мисол метавон натиҷа гирифт, ки бе шинохти меъёрҳо ва дарёфти усулҳои гузаронидани машғулиятҳои обзорӣ дарси таърихи адабиёт самараи дилхоҳ нахоҳад дод.
Ҳамин тариқ, то таълими мавзўъҳои монографӣ бояд манзараи комили давраи муайяни таърихӣ, хусусиятҳои хоси он ва тамоюлҳои ғоявию адабӣ муайян карда шавад.
Мундариҷаи дарсҳои обзорӣ бояд алоқамандии хоси адабиётро ба замон ва махсусияти тафаккури бадеӣ муҷассам созад.
Дарсҳои таърих ё маълумотҳои сирф таърихӣ машғулиятҳои обзориро иваз карда наметавонанд. Зеро аввалан ин дарс санадҳо, омилҳо ва пайвандҳоеро фаро мегирад, ки барои тафсири адабиёти давраи мавриди омўзиш лозим аст, дигар ин мавод бо забони адабиёт гузориш мешавад ва ниҳоят, ин дарс бо забон ва намунаҳои адабӣ оро меёбад, ки хонандагон аллакай қисман бо намунаҳои он ошноӣ доранд.
Дарси мавзўъҳои обзорӣ, ҳатто, дар ҳоле ки маводи ниҳоят мухтасар, вале аз рўи принсипи таърихӣ пай дар пай ва бонизом пешниҳод шуда бошад, зарур аст. Онҳо, махсусан, барои таърихи хоси адабиёти мо, ки аз ҳаводиси таърихӣ, тамоюлҳои сиёсию ғоявӣ ва мазҳабӣ пур аст, лозим мебошанд. Албатта, баъди таълими мавзўи «Ҷомӣ ва замони ў» ҳангоми омўзиши ҳаёт ва осори Камолиддин Биноиву Бадриддини Ҳилолӣ дарси обзориро метавон фурў гузошт.
Вале «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро бе тафсире дар ҳошияи таърихи замон ва таҳаввулотҳои сиёсию иҷтимоии он давра наметавон тавзеҳ кард. Ин асар омезаи амиқи ғояву андешаҳоест, ки барои ислоҳи вазъи нобасомони ҷомеаи Бухорои он замон навишта шудааст.
Дарки осори ҳунар қатъиян ба омодагии пазириши ақлонии он асар вобаста аст. Вай на фақат омодагии равониву ҳиссӣ, балки тафаккури амиқ, ҳофизаи расо, ақли комил ва ғайраро тақозо мекунад. Вале бе ворид сохтани хонандагон ба контексти умумии асар, яъне ба контексти ҷамъиятӣ, таърихӣ (замон), забоншинохтӣ (усулҳо) ва забонӣ дар ин роҳ комёб шудан ғайри имкон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё