Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар дарсҳои тафсирӣ омўзгор аксаран маърўза мекунад, ки он бояд аз унсурҳои суҳбат, таҳлили фаврии асари на чандон калонҳаҷм, лаҳзаҳои алоҳида, тафсири хониши интихобӣ, ҳамчуни ахбор мустақилонаи хонандагони тайёрии махсус дида иборат мебошад.
Фаровонии мавод ташкили аниқи дарс, талаботи хосро ба такрори маводи гуногуне, ки ба таркиби мавзўи тафсирӣ дохил мешаванд, дар назар дорад.
Дар ин замина корбурди нақша маъмул аст. Ин метавонад нақшае бошад, ки худи хонандагон маърўзаи муаллимро шунида таҳия кардаанд. Онро метавон санҷид ва арзёбӣ кард.
Нақшаро метавон якҷоя бо хонандагон дар дарс муҳокима кард ва баъд чун асос барои супориши хонагӣ пазируфт. Ҳамчунин, метавон дар заминаи ҳамин нақша ба хонандагон супориш дод, ки дар хона пешнависи маърўза тайёр кунанд ё дар дафтарашон ба яке аз қисматҳои нақша ҷавоб нависанд.
Ба нақша то маърўзаи муаллимро шунидани хонанда низ метавон муроҷиат кард. Маводи асосӣ оид ба мавзўи тафсирӣ дар китоби дарсӣ фароҳам омадааст. Бинобар ин ҳам супориши пешакӣ оид ба таҳияи нақшаи як боби китоби дарсӣ бо муҳокимаи баъдии ин нақша ва сухани баъдии омўзгор имконпазир аст.
Дар ҷараёни омода сохтани маърўза омўзгор аксаран нақшаеро истифода мебарад, ки ягон боби китоби дарсӣ асоси онро ташкил медиҳад ва хонанда дар заминаи он дарсро тайёр мекунад. Дар ин ҳол омўзгор ҳикояти худро такмил мебахшад.
Мавзўъҳои тафсирӣ ба миқдори зиёди осори муаллифони гуногун, навъ ва намудҳои адабӣ асос меёбад ва имкон медиҳад, ки нақши ҳар кадоме аз навъҳо ва намудҳои адабӣ дар адабиёти давраи мушаххас муайян карда шавад. Масалан, доир ба адабиёти солҳои шасти тоҷик сухан гуфта, хусусияти тозаи инкишофи он, таҳаввулоти жанрҳо, ба хусус жанрҳои лирикиро сарфи назар кардан мумкин нест. Дар ин замина эҷодиёти Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ ва дигарон маводи фаровон медиҳад.

пешина
аз 344
навбатӣ