МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Намунаи чунин ҷадвалро низ меоварем:
Ҳодисаҳои Ҳаёти адабӣ, Адабиёт сиёсию иҷтимоӣ рўзноманигорӣ, илм, санъат Инқилоби Аввалин «Одина»-и Октябр, Забту рўзномаи тоҷикӣ. Айнӣ ва дигар истилои Осиёи Забони тоҷикӣ дар осори манзуму Марказӣ. Ташкили мабнои мубоҳисаҳо. мансури ин давра.
Ҷумҳурии «Намунаи адабиёти Тоҷикистон тоҷик»-и устод Айнӣ
Давраи нави адабиёти тоҷикро, ки адабиётшиносон бо номҳои гуногун, аз ҷумла, адабиёти навини тоҷик, адабиёти давраи истиқлолият ва ғайра ёд кардаанд, бо фарогирии баъзе масъалаҳои назарӣ кори омўзгорро шояд андаке душвор созад ва ҳамин масъаларо ба мундариҷаи мавзўи тафсирӣ дохил кардан лозим аст.
Намунаи нақшаи маводеро, ки ба омўзиши ин давраи адабиёти тоҷик алоқаманд аст, меоварем:
-
Давраи нави ташаккули адабиёти тоҷик 2. Худшиносии миллӣ ва адабиёти миллӣ 3. Суннатҳои адабиёти пешин ва меросбарии адабиёти нави тоҷик 4. Хусусиятҳои асосии адабиёти муосири тоҷик Ин мавзўи тафсирӣ аз лиҳози мундариҷа ва тарзи ифода бояд ҷолиб ва шавқангез бошад. Оҳанги баёни мавод, услуби гуфтори омўзгор ва роҳҳои ҷалби хонандагон бояд бо мавзўъ таносуби комил дошта бошанд.
Мавзўи «Ихтисосоти шеъри тоҷикӣ дар асри Х» хусусияти дигар дорад ва онро аз рўи нақши зер метавон баён намуд: -
Хусусиятҳои таърихии ташаккули шеъри тоҷикии асри
Х 2.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё