Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўдакиро равшан намесозанд. Балки дар қиёс бо зиндагии пурмоҷарои шоир санҷидан ва шарҳ додани онҳо метавонад барои фаҳмидани шеъри Рўдакӣ ёрӣ расонад.
Ба ифодаи дигар, дар вақти таълими зиндагиномаи шоир ё нависанда бояд муаллим дақиқан собит намояд, ки ҳастии халқу адиб аз ҳам ҷудо нест.
Сарнавишти бузургтарин адибони гузаштаю имрўзаи мо аз замон ва ҳастии халқ ҷудо нест. Сарнавишти Фирдавсӣ рамзи поймардӣ дар роҳи халқу ватан аст. Масъуди Саъди Салмон бераҳмиву бедодии зимомдорони вақтро ҳам дар шеъраш ҳам дар бисту як соли умри дар зиндон ба сар бурдааш инъикос кардааст. Аҳмади Дониш барои халқу ватан чун шамъ сўхтааст, бо қалам ва сарнавишташ ба ислоҳи ватан пардохтаст. Садриддин Айнӣ ҷон ба гарав гузошта, умри хешро «сарфи хома кард» ва зиндагиномаю осори ў барои халқи тоҷик ҳамчун «шаҳодатнома» шинохта шудааст.
Зиндагинома ва фаъолияти адабии Аҳмади Дониш аз рўи барнома дар синфи Х таълим дода мешавад. Ин шахсият дар таърихи адабиёти мо беназир аст. Бинобар ин ҳам таълими дурусти зиндагиномаи ў, ошкор сохтани шахсияти иҷтимоии Аҳмади Дониш барои хонандагон сахт арзишманд аст. Барои иҷрои ин кор асари Аҳмади Дониш “Наводир-улвақоеъ”сарчашмаи арзишманд мебошад. Дар ин замина суоли худи Дониш: “То халқ бидонанд, ки барои чӣ омаданд ва бар чӣ буданд ва чӣ карданд” гиреҳкушост. На фақат осори адиби бузург, ки “дар сатр” кашид ва “ба дастуруламали фарзандон” (Аҳмади Дониш) боқӣ гузошт, балки ҳаёти ў барои худшиносӣ ба наврасон сабақи судманд хоҳад буд. Зеро Аҳмади Дониш дар осораш, ки ҷузъи сарнавишти ўст, “бо ҷиддияти том кўшиш сарф менамояд, то ки мавқеи табиӣ ва ҷамъиятии ҳар як фардро муайян карда, ҳисси худшиносию эҳтиром ба гузаштагонро бедор намояд ва дараҷаву мартаба, қадру манзалати одамиро баланд бардорад. Ҳар як шахсро барои ҳифзи табиату

пешина
аз 344
навбатӣ