МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар ин замина роҳи душвори ҷустуҷўҳои ғоявӣ ва ахлоқии адибро, ки бо ҳодисаҳои муҳими таърихии замони ў алоқаманд аст, дарк кардан имконпазир аст.
Ҳама гуна зиндагинома арзиши омўзишӣ ва ахлоқӣ дорад. Муаллим хонандагонро бо сарнавишти Садриддин Айнӣ ошно карда, аз рўи мантиқи санадҳои ҳаётӣ нишон медиҳад, ки инқилоби рус дар зиндагиномаи нависанда гардиши бузурге буд. Дар ин замина назари Садриддин Айниро ҳамчун ҳуҷҷати таърих оид ба Инқилоби октябр бояд ба назар гирифт. Мақоми ў дар сарнавишти халқи тоҷик ҷудо аз фаъолияти нависандагиаш набуд. Ҳадафи миллӣ ва инсонӣ, ба қадр шинохтани арзишҳои башарӣ, дифоъ аз забону фарҳанги тоҷик асоси фаъолияти ўро муайян менамуд ва ҷузъи сарнавишти ў буд.
Зиндагиномаи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таъкиди дигар дорад. Мирзо Турсунзода чеҳраи бузурги ҳам адабӣ ва ҳам сиёсии солҳои панҷоҳу шасти адабиёти тоҷик буд. Шахсияти ў гардишҳои муҳими қисмати халқи тоҷикро дар замони Шўравӣ муҷассам месозад. Ба ифодаи дигар, осори ин шоирро аз шахсияти инсониаш, ки дастхуши сиёсати давр буд, наметавон ҷудо кард. Ба ифодаи Муҳаммадҷони Шакурӣ, «шеъри Турсунзода шеъри сиёсии саршор аз сиёсати ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шўравӣ буд».
Барои шарҳи саҳеҳи ин гароиши шоир мақоми сиёсии ў ва сиёсати ҳукумати даврро дар соҳаи адабиёт бояд ба назар гирифт. Шахсияти ин шоири бузург хислати замон ва як насли адибони солҳои «сотсиализми мутараққӣ»-ро амиқ ва возеҳ муҷассам месозад. Ў шоири мубориз ва шахсияти сулҳхоҳ буд. Роҳи муайянкардаи ҳизбу давлати замонашро собитқадамонаю фидокорона пайгирӣ мекард. Ба ғояҳои замон вафодор буд. Шахсияти ў барои насли имрўз сабақҳои муҳиме дорад.
Муаллими огоҳ намунаи мақолаҳо ва очеркҳои тарҷумаиҳолиро оид ба зиндагии шоирони пешин ва имрўз дар тадқиқоти олимони адабиётшиноси мо, аз ҷумла С.Нафисӣ, М.Шакурӣ, Ш.Ҳусейнзода, Р.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё