Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар Панҷрўд, ки маркази ҷамоати Рўдак буд, ба дунё омадааст. Ҷаъфар номи аслии ўст, падару модар ба ў ин номро гузоштаанд. Абўабдуллоҳ номи эҳтиромии ўст. Рўдакӣ тахаллуси шоирии устод аст, ки аз номи деҳаи забои худ- Рўдак гирифтааст.
Падари Рўдакӣ, ки аз табақаи боимтиёз ва шахси обрўманди ноҳия будааст, ба таълиму тарбияи фарзандаш аҳамияти зиёде додааст. Аз ин рў, Ҷаъфар дар зодгоҳи худ маълумот мегирад. Табъи баланди модарзодӣ ба Ҷаъфар имконият додааст, ки дар ҳаштсолагӣ «Қуръон»-ро ҳифз кунад ва шеър эҷод намояд.
Ҷаъфари хурдсол дар баробари ақли расо, зеҳни гиро ва хотири тавоно, овози хуш ва санъати дилкаше дошт. Аз ин сабаб ў дар пайи мутрибӣ меафтад ва ин ҳунарро аз созандагону навозандагони халқ меомўзад. Баъди он шоир барои сайқали дониши худ роҳи Самарқандро пеш мегирад.
Вай дар мадрасаҳои шаҳри Самарқанд илмҳои гуногуни замони худро меомўзад. Ў дар он ҷо ғайр аз забони арабӣ илмҳои балоғат, луғат, фалсафа, ҳикмат, таърих, фиқҳ, риёзиёт ва илми нуҷумро ба дараҷаи аъло аз худ мекунад. Маснавии «Даврони офтоб»-и ў ба илми нуҷум бахшида шудааст.
Маҳз дар Самрақанд истеъдоди мутрибии Рўдакӣ диққати устоди мусиқӣ Абулаббоси Бахтиёрро ба худ ҷалб менамояд. Рўдакӣ дар зери тарбияи ў навохтани уду рўд, барбату чанг ва танбўру найро омўхта, дар мутрибӣ ва ромишгарӣ моҳир мешавад. Баъдан худи шоир ишора мекунад:
Рўдакӣ чанг бигрифту навохт, Бода андоз, к-ў суруд андохт.
Дар ҳамин давраи нашъунамои эҷодиёт шуҳраташ дар гўшаву канори кишвар паҳн мегардад ва ин овоза то ба дарбори Сомониён мерасад.
Рўдакӣ даставвал ба дарбори Насри 1 Сомонӣ, ки солҳои 864-892 хокими Самарқанд буд, даъват мешавад. Дар ин давра ў вақти худро бештар дар маҷлисҳо ва маҳфилҳои адабию илмӣ мегузаронд.

пешина
аз 344
навбатӣ