МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ў дар давраи баркамолиаш бо ташаббуси Абулфазли Балъамӣ, ки аз соли 892 то соли 938 вазир буд, ба Бухоро, ба пойтахти давлати Сомониён даъват карда мешавад.
Ин ҷо муаллим метавонад аз маводи илмии адабиётшиносон А.Мирзоев ва Х.Мирзозода чун маводи иловагӣ истифода барад. Муаллифи «Асосгузори адабиёти тоҷику форс» Х.Мирзозода овардааст: «Вақте ки Исмоили Сомонӣ давлатҳои хурди феадалии тоҷикро ба як давлати муттамаркази Сомониён ба ҳимояи илму адабиёт – адабиёти дарборӣ эҳтиёҷ дошт. Бо сардории олим ва вазири боақлу заковат Абулфазли Балъамӣ ташкил ёфтани доираи илмию адабии давлати Сомонии Исмоил ибни Аҳмад диққати илму адабро ҷалб накарда наметавонист. Бинобар он, шоиру олимон аз гўшаву канори мамлакати тоҷикон, аз Эрони ғарбӣ ва ҳатто, аз Арабистон ба сўйи Мовароуннаҳр-ба сўйи Бухоро шитофтанд. Ҳамаи шоирону нависандагони ба дарборомада қарор дода буданд, ки то охири умр ба давлати Сомониён ҳамкорӣ мекунанд. Дар қатори шоирони тоҷик Рўдакӣ низ буд.
Ду сабаби асосӣ эҳтимол Рўдакиро ба дарбор оварда бошад: яке ҳисси ватандўстӣ, дар шакли ҳимояи давлати марказӣ, ки ба манфиатҳои халқу ватан бо натиҷаҳои обективии худ ҷавоб дода метавонист. Дар ҳақиқат Исмоили Сомонӣ ҳамчун лашкаркаши нотарсу ҷасур, болаёқат, барҳамзанандаи ҷангҳои дохилии феодалҳо, ташкилкунандаи давлати марказии феодалӣ, ки халқи тоҷикро аз истилои араб, ҳуҷуми туркҳои бодиянишин ва задухўрдҳои дохилӣ халос кард, диққати аксарияти аҳли илму адабро ба худ ҷалб карда буд.
Дигар чизе, ки Рўдакиро ба сўйи худ мекашид, доираи илмӣ ва адабии дарбор аст, ки бо сардории Балъамии вазир ташкил шуда буд ва муроди ў пеш бурдани илму адабиёт ва онро ба манфиати давлати Сомониён хизмат кунондан буд.
Барои ба хизмати дарбор рафтани Рўдакӣ чунин ақидаи халқии он давра, чунин ақидаи деҳқонӣ низ хизмат кардааст, ки «ба подшоҳон бо назари адолатхоҳӣ ва умед нигоҳ мекарданд ва ба онҳо панд доданро ба халқ ёрӣ расондан мефаҳмиданд».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо