МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиётӣ бадеӣ худшиносии ҷомеаи муосирро шакл медиҳад. Оғозгоҳ ва бунёди ин ҳама ҳадаф ва ормонҳои нек дар боргоҳи илму маърифат- мактаб амалӣ мегардад. Дар ин замина бисёр муҳим аст, ки ҷанбаҳои маънавӣ ва зебоишинохти осори бадеӣ дар якҷоягӣ омӯзонида шаванд.
Ин усули таълим чашми хонандаро ба ҳаводиси таърихӣ ва ҷаҳони муосир боз карда, ба камолоти маънавӣ ва ҳунарии ӯ таъсири судманд мегузорад.
БОБИ 3
ТАЛАБОТИ ШАХСИЯТ, ФАЪОЛИЯТ ВА
МАҲОРАТИ КАСБИИ ОМЎЗГОР
Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,
Шавад тира аз бихрад рўзгор.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Дар раванди таълиму тарбия мақом ва мартабаи омўзгор ҳамчун шоҳсутуни бинои муаззами таҳсилот шинохта шуда, муҳимтарин омили рушд ва таъмини сифати таҳсилот мебошад. Омўзгор пеш аз ҳама бояд ҳамчун мутахасиси варзида асосҳои илмӣ ва таълимии фанни худро хуб донад, усул, равиш ва навгониҳои муосирро пайваста аз худ намояд.
Омўзгор офаридагор ва санъаткори рўҳи инсон аст, ки бо пешаи муқаддас, маҳорати касбӣ ва маданияти баланди муошират ва муносибат ба таълимгирандагон саҳнаҳои пурсўзу гудоз ва ибратомўзи ҳаётро ҳамчун раҳнамову роздони оташинсухан ва тахайюлангез дар ойинаи рўзгор намоиш дода, аз чашмасори зулоли илму маориф ва бўстони хирад неруи ақлонӣ, тарбияи зеҳнӣ ва қобиляти эҷодкориро кашф намуда, ҷаҳонбинӣ ва тафаккурро фурўғ мебахшад.
Омўзгори адабиёт чун машъалафрўзи ҷомеа дар раванди рушди муҳити фарҳангӣ ва маънавии иҷтимоъ, тарбияи андешаву худогоҳи миллӣ ва ватандўстӣ саҳми муносиб мегузорад ва насли наврасро дар рўҳияи заҳматкашӣ, меҳнатдўстӣ ва инсондўстӣ ба камол мерасонад.
Вазифаи пуршарафи ў тарбия намудани инсони комил, бомаърифат ва ҳамқадами замон аст. Дар ҳақиқат, омўзгори забон ва адабиёт дар заминаи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва ормонҳои зубдаи иҷтимоъ насли наврасро тарбия намуда ва ба камол расонида, симо ва рисолати инсонро мўътабар месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё