Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шароити мувофиқ баҳри ҳифз ва эҳтироми касби пуршарафи омўзгорӣ ва арҷгузорӣ ба мақоми омўзгор ба фароҳам овардани рушди ҷомеаи солиму бомаърифат мусоидат менамояд. Эҳтироми шахсият ва мақоми омўзгор дар аксар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф дарҷ гадида, низоми ягонаи талабот ва меъёрҳои касбиро муайян намуда, муносибати омўзгорро бо ҷомеа ба танзим оварда, арзишҳои инсонӣ ва шаъну шарафашро ҳифз мекунад.
Эҳёи ҳастии маънавии миллӣ ҷузъи муҳими барномаҳои давлатӣ буда, хонандагонро дар рўҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва миллатдўстӣ тарбия намудан аз муҳимтарин шартҳои таълиму тарбияи насли наврас аст.
Бинобар ин, омўзгори асил барои амалӣ сохтани талаботи Консепсияи миллии таҳсилот бояд ҳамин гуна рўҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дошта, шахсият ва рафтори вай бояд дар заминаи мабдаъҳои маънавию инсонӣ парвариш ёфта бошад. Ғояи давлати миллӣ ва дурнамои ҳадафҳои он, ки мактабу маориф ҷузъи он аст, мақсади аслии ҳастии маънавии омўзгорро ташкил медиҳад.
Шахсият, симо ва обрўю мартабаи омўзгори забон ва адабиёт, пеш аз ҳама, ба худи ў вобастагӣ дошта, дар асоси риояи принсипҳои ахлоқу одоби умумибашарӣ, инсонгароӣ, маърифатандўзӣ, адолатпарварӣ, соҳибкасбӣ, садоқатмандӣ, масъулиятшиносӣ, озодандешӣ, таҳаммулпазирӣ, хайрхоҳӣ ва накукорӣ бунёд ёфта, вазифаи хешро бо меҳру муҳаббат ва масъулияти баланд иҷро менамояд, фаъолияташро ба рушду такомули ҳамаҷонибаи шахсият ва тарбияи шаҳрванди бошууру боидрок ва дар умум солимгардонии ҳаёти маънавии ҷомеа равона сохта, аз обрўю эътибор ва мақоми касбии худ сўиистифода намекунад. Бузургтарин ва шарафмандтарин нишонаи гиромидошти шахсияти ў неъмати ақлу илм аст, ки бо вижагиҳои суханварӣ, навишт, идрок, эҷод ва ҳунар фароҳам меояд.

пешина
аз 344
навбатӣ