Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллим бо такмили хониши бадеӣ тадриҷан таваҷҷуҳи хонандагонро ба таркиби овозии калима, сохти наҳвии ҷумла, сархат ҷалб намуда, ба онҳо талаффузи буррою фасеҳ, овози равшану хушоҳанг, сомеаи дақиқ ва шунаворо меомўзад. Ба ҷуз дарсҳои таҳлили ҳаматарафаи бадеӣ, ақаллан, соле панҷ-шаш соат барои омўзиши тарзи талаффуз бояд ҷудо кард. Дар ин дарсҳо муаллим дар баробари хондан ё хонондани матн бояд ба тарзи талаффўзи хонандагоне, ки нутқашон заиф аст, лакнат доранд, талаффузашон фасеҳ нест, дар талаффузи буррои садоноку ҳамсадоҳо душворӣ мекашанд, ёрӣ расонад. Дар ин замина аз имконияти адабиёти шифоҳӣ (дар мисоли тезгўякҳо ва ғайра), адабиёти китобӣ (санъатҳои бадеие, ки ба рушди гуфтор мусоидат менамоянд) бояд босамар истифода бурд.
Муаллими эҷодкор ва тавоно дар дарсҳои хониши муассири бадеӣ на фақат шавқу рағбати хонандагонро ба асари бадеӣ зиёд мекунад, балки таваҷҷуҳи онҳоро ба забон, савтиёти он, сарфу наҳв низ меафзояд. Самараи чунин кор дар дарсҳои забон назаррас хоҳад шуд.
Дар ин зимн эътибор додан ба ҳарфи мушаддад яке аз омилҳои дастёбӣ дар хониши равону фасеҳ аст. Мутаассифона, дар имлои имрўзаи мо доир ба қоидаи навишти ин ҳарф қоидаи собит ба назар намерасад. Ҳар кас ҳар хел менависад. Вале риояти ҳарфи мушаддад суннати ҳазорсолаи забони мо ва яке аз рукнҳои вазни арўз аст. Агар мо байтҳои поёнро мувофиқи қоидаи маъмул нахонему нанависем, ҳам дар вазн нуқс пайдо мешавад, ҳам тарзи хонданамон ба гўш равону фасеҳ намерасад.
Пир гуфто, ки чӣ ъиззат з-ин беҳ, Ки наям бар дари ту болиннеҳ
(Абдураҳмони Ҷомӣ).
Мекунад пур фазои ҷон зи ъатр, Гули саҷҷодаат ба вақти намоз.

пешина
аз 344
навбатӣ