МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
(Насруллоҳ).
Таълими арўз ва баъзе қоидаҳои он дар синфи 5 имконотеро фароҳам меорад, ки хонандагон баъзе нозукиҳои хониши бадеӣ, аз ҷумла, равону фасеҳ хонданро ёд гиранд ва сабақҳои дар чунин машғулиятҳо гирифта савияи хониши онҳоро дар синфи 6 боло бурда, ба қадри кофӣ муассир ва ҷолиб месозад. Дар ин ҳол ба муаллим лозим меояд, ки ҳангоми хондан ба хонанда на фақат дидан (он чизеро, ки шоир ё нависанда тасвир мекунад), балки садои ҳарфу ҳиҷоро, ки низ дар тақвияти маънӣ ва тасвир аст, шунида тавонад. Махсусан, дар ҳоле, ки вазнро набояд дид (балки дида намешавад), балки бояд шунид. Ҳангоми хондани шеър риояи вазн аксаран задаи мантиқиро соқит месозад. Истифода аз ин мавқеияти вазн набояд ба хондани равону фасеҳ халал оварад.
Ҳамин тариқ, дарк ва талаффуз намуди асосии машқ ҳангоми хониши бадеии муассир аст. Дар ин ҳол талаффузи равону фасеҳи калима ҳамчун воситаи ҳамоҳанг ва шеваи ифодаи унсури нутқ барои иҷрои вазифаи савтиёти бадеӣ бояд ҳадафи аслии хониши бадеии муассир бошад. Дар ин замина шеъри гузаштаи мо, ба хусус, ашъори Ҳофиз, Мавлавӣ, Ҳилолӣ ва дигарон мисоли фаровон медиҳад.
Мо дар боло ишора кардем, ки ба хотири риояи вазн гоҳо ҳангоми хониши бадеӣ гузоштани задаи мантиқӣ истисно мешавад. Вале бояд дар назар дошт, ки задаи мантиқӣ яке аз воситаҳои асосии дастёбӣ ба хониши равону фасеҳ буду хоҳад монд.
Дар синфи 5 ин малакаро ба воситаи рубоии зерини Рўдакӣ ба хонанда ёд додан осон аст:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Муаллим ин рубоиро дар тахтаи синф менависад. Баъд онро бо ёрии хонандагон хонда, чунин суҳбатеро шарҳ медиҳад ва яке паси дигар саволҳо мегузорад:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо