МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хонданБаъд муаллим бо саволе, ки дар матни рисолаи Гулназар омадааст, ба хонандагон муроҷиат мекунад:
- Чаро ин шеър, ки аз аввалин сурудаҳои Лоиқ аст, дар ёди мо мондааст?
Хонандагон тақрибан чунин ҷавоб медиҳанд:
-Сифатҳои модарро дар он мебинем.
-Шеър бо ҳиссу ҳаяҷони расо гуфта шудааст. - Бо ифодаи «ҷомаи гадоӣ» шоир чӣ гуфтан мехоҳад?
- Муҳаббати фарзандро ба модар чунон тасвир кардааст, ки ба дил мешинад.
-Ман ҳар бор ин шеърро ба модарам хонам, дар чашмонаш ашк ҳалқа мезанад ва ғайра.
Муаллим:- Асосан дуруст ҷавоб гуфтед, вале ҳанўз комил не. Албатта, мушоҳидаҳои шумо ҷолиб аст. Шумо фазилати асосии шеърро дарёфтед. Вале гуфта натавонистед, ки шоир бо кадом роҳ ба ин муваффақият даст ёфтааст.
Шоири хуби мо, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар дар бораи эҷодиёти Лоиқ китобе навишт бо номи «Лоиқе чун Лоиқе», ки пораи дар боло хондаамон аз ҳамон китоб аст.
Дар ҳамин китоб Гулназар дар бораи ин шеър фикрҳои ҷолиб дорад. Акнун ман қисми дигари ин мақоларо барои шумо мехонам. Ин барои шумо ёрӣ мерасонад, ки маънии шеърро амиқтар дарк кунед ва бо сирри муваффақияти ин шеър ошно шавед.
Муаллим пораи зерро аз ин китоб мехонад: «То Лоиқ ҳазор андар ҳазор шеър дар васфи модар суруда шудааст.
Дар адабиёти тоҷик, дар адабиёти форсизабонон - дар Эрону Афғонистон намунаҳои барҷастаи шеъри модарро метавонем пайдо кунему бихонем.
«Модарнома»-и Эраҷ Мирзо, ба вижа мисраъҳои зерро хурду калон медонанд:
Гўянд, маро чу зод модар, Пистон ба даҳон гирифтан омўхт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо