МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Шабҳо бари гоҳвораи ман
Бедор нишасту хуфтан омўхт.
Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам Алфоз ниҳоду гуфтан омўхт.
Дастам бигирифту по ба по бурд, То шеваи роҳ рафтан омўхт…
Дар ин шеъри шево ва зебои Эраҷ Мирзо хидматҳои умумии модар номбар ва васф шудаанд. Ва ин сифатҳо тақрибан дар ҳама модарномаҳо меоянд ва ҳама шеърҳоро ба ҳам монанд кардаанд. Худи Лоиқ ҳам баъдтар шеърҳои зиёд эҷод кард ва бо номи «Дасти дуои модар» чоп кард. Ҳарчанд дар миёни онҳо шеърҳо, мисраъҳо, пораҳо, ташбеҳу истиораҳои лоиқона зиёданд, аксари онҳо аз нишон додани хусусияти умумии модарон иборатанд. Масалан, дар «Қасидаи модар»:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар, Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахтгўшон, Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.
Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам, Дар тинатам сиришта сўзу навои модар.
Ва ё шеъри «Волотар аз ҳама»:
Як дами ҷон костани модарон, Беҳ зи ҳама муҷизи пайғамбарон.
Як нигаҳи шуълавари модарон
Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.
Як сухани бонамаки модарон
Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон…
Аммо дар шеъри «Ба модарам» ҳама чиз мушаххас аст, аз чини рўю чашми камбин, аз қарси сафеду Худо гуфтанҳо сар карда, то пухтани кулчаи ширмол – ҳама моли модари тоҷик аст! Танҳо ўст, ки «ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо», «даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд»
барои фарзандон ҷомаи домодӣ медўзад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо