МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ҳангоме ки сухан дар бораи дарки осори ҳунарӣ меравад, бояд ба этибор гирифт, ки ин гуна осор ба хонанда дар бораи андешаи нависанда, назари вай ба воқияти дунё ва масъалаҳои ахлоқию иҷтимоӣ таассуроти ягона медиҳад, илова ба ин ки хонанда дар ин гуна осор моҳияти зиндагии инсониро дарк мекунад, ҳамчунин, худашро низ мешиносад, Адабиёт мавқеъ ва миқёси зиндагии маънавии хонандаро тавсия бахшида, ба вай мустақилона андешидан ва дар зери таъсири осори бадеӣ шахсияти худро сохтанро ёд медиҳад. Натиҷаи ҳама гуна таҳсил дарки камоли асари бадеӣ мебошад.
Тадқиқоти равоншиносӣ собит кардаанд, ки нусхабардорӣ ва қабули одии маълумот маънии донистан ва пурра дарк кардани асари бадеиро надорад. Ин ҳодиса ба ҷараёни фаъолиятмандии хонанда вобаста буда, талабот ва завқи ўро муайян мекунад. Ҳадафи чунин фаолиятмандиро сохтани қаринаи воқеияти зиндагӣ дар мутоила бо асари бадеӣ дар шуур ва андешаи хонанда тарҳ медиҳад.
Донистани чаҳони воқеъ ва дарёфти фарҳанги маънавӣ на факат барои инсон лозим аст, балки ин донишҳои ўро ба зиндагии воқеӣ омода мекунад.
Аз ин назар, фаҳмиши асари бадеӣ аз тарафи хонанда ва омўзиши он зери роҳбарии омўзгор душвориҳои воқеӣ дошта, натиҷаи бесамари ин кор на фақат ба равиши саҳеҳи таҳсил ва хусусияҳои хоси асари бадеӣ вобаста аст, балки омилҳои завқии донишомўзон ва қобилияти фикрии онҳо низ дар ин замина корсоз аст.
Таҷрибаи бисёрсолаи таълими адабиёт ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи хусусиятҳои асосии дарки адабиёт аз тарафи хонандагони синну соли гуногун баъзе натиҷагириҳо кунем.
Хонандагони синни хурди мактабиро, пеш аз ҳама, лавҳаҳои равшани ҷудогона шавқманд сохта, андешаи онҳо дар бораи рафтори қаҳрамонони асар қатъӣ ва гоҳо яктарафа, вале аксаран чун қоида пурҳиссиёт аст. Хонандаи хурдсолро беш аз ҳама амалу кирдори қаҳрамони дўстдоштааш гирифтор медорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо