Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масъалаи фаҳмиши дақиқ ва саҳеҳи осори бадеиро мо ба миён гузошта, дарки вокеии асарро ҳамчун осори санъат ба назар меоварем, аксари муҳаққиқон ва ҳам методистон истилоҳи идроки санъатро ба хамин маънӣ идрок кардаанд.
Ба ин далел муаллими адабиёт на фақат дар ҷараёни таълим хусусияти дарки хонандаро ба назар мегирад, балки ўро лозим меояд, ки ба вай таъсири фаъолона расонад.
Масъалаи идроки асари бадеӣ ҷудо аз вазифаҳои умумии парвариши хонанда, муносибати вай ба воқеият ва санъат ташаккули шахсият чаҳоншиносӣ ва маънавияти ў амалӣ намешавад.
Ҷараёни дарки асари бадеӣ дар вақти муайян кардани имконияти хонанда ва натиҷаи равиши таълими адабиёт бояд ҳамчун меъёри раҳнамо ба назар гирифта шавад. Дар ин замина чанд намуди асосии усули даврки асари хондашуда вуҷуд дорад:

  1. Муайян намудани таассуроти пешакии хонандагон дар бораи асари хондашуда.
  2. Муқоисаи таассуроти аввалин бо фаҳмише, ки дар чараёни таҳлил ва дарсҳои санҷишӣ шакл мегирад. Дар ин ҳолатҳо анкетаҳо ва пурсишҳои даҳонӣ ба кор гирифта мешаванд.
  3. Супориши хонагӣ, ки хусусияти афзалиятнок дорад.
  4. Тадқиқоти таҷрибавӣ бо усули ифшогарӣ. Дар ин сурат аз як мавзўъ то мавзўи дигар пешравии хонандагон муайян карда мешавад.
  5. Мушоҳидаи муназзам ва ҳадафнок дар тули соли таҳсил ва солҳои дигар.
    Ҷараёни омўзиш ва дарки адабиёти бадеӣ як қатор махсусият дорад, ки ба таассуроти инсон аз муҳити атроф ва санъат вобаста мебошад. Ин, пеш аз хама, ба ягонагӣ, фаолиятмандӣ ва хусусияти эҷодии он вобаста мебошад.
    Дарки пурсиши пурраи асари бадеӣ ба таҳлилу натиҷагирӣ вобаста мебошад.
пешина
аз 344
навбатӣ